Дар фазои беназири таърихӣ ва фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанди МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”, ҳамкории созанда байни “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, кафедраи забонҳои хориҷӣ таҷрибаи муваффақ ва намунаи пешқадам гардид. Ин ҳамкории муштарак ба рушди донишҳои илмӣ ва васеъ намудани дониши донишҷӯён дар самти забонҳои хориҷӣ ва соҳаи иқтисод ва савдо равона гардидааст.
Бояд гуфта гузашт, ки ҷиҳати ҳамкориву дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ,раёсати муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳидавлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, дар пайи ин иқдоми неки пурарзиш , расман ба роҳбарияти муассисаи мазкур изҳори қадршиносӣ ва сипоси самимии худро иброз доштанд.


Бале, қалъаи таърихӣ ҳамчун маркази тамаддуни асрҳо ва ёдгории муҳими таърихиву фарҳангӣ шинохта шудааст. Дар ин макони муносиб , яъне толорҳои барҳаво ва мувофиқ ба талаботи замон, тамоми шароит барои гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо ва барномаҳои гуногуни омӯзишӣ фароҳам оварда шуда, чорабиниҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Ин албатта, ба раванди илмомӯзӣ мусоидати ҷиддӣ намуда , барои густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва мубодилаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамкории муштарак ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар шароити воқеӣ ва таърихӣ таҷриба омӯхта, малакаҳои муошират ва фаҳмиши таърихиву фарҳангии худро такмил медиҳанд. Ин таҷриба инчунин барои устодон имкони мубодилаи таҷриба ва таҳкими равобити илмӣ ва таълимиро фароҳам месозад. Аз ҷумла, дар оянда оид ба доираи ҳамкорӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо таърихи маҳаллӣ ва иқтисоди минтақа иртибот дода шуда, таҷрибаи омӯзишӣ таъсирбахштар ва фарогиртар мегардад. Ин навъи ҳамкорӣ нақши муҳиме дар таъмини рушди таълими забонҳои хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони босалоҳият дар соҳаҳои иқтисод, савдо ва забонҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.


Дар оянда ин ҳамкорӣ метавонад, васеъ гардида ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шавад, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи донишу забонҳои хориҷӣ ва рушди фарҳангии ҷавонони кишвар аҳамияти махсус дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин ҳамкории муштарак дар оянда низ пай дар пай идома ёфта, барои рушди минбаъдаи омода намудани мутахассисони варзидаи забонҳои хориҷӣ, илму дониш ва таълим заминаи устувор хоҳад гузошт.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”