Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шамшери асрҳои II- I мелодӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърих аз худ осори зиёде боқӣ гузоштааст, ки ҳар  кадоми онҳо гувоҳӣ аз ҷаҳонбинии бостон, фарҳанг ва тарзи зиндагии ниёгони мо мебошанд. Яке аз чунин ёдгориҳои нодир шамшери асрҳои II-I мелодӣ аст, ки имрӯз дар осорхонаи таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ин силоҳи бостонӣ на танҳо ашёи ҷангӣ, балки рамзи  ҳунари оҳангарӣ, зеҳни баланди устоҳои замон ва фарҳанги мардумон ба шумор меравад.

Бале, дар толори намоиши эллинистии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маводҳои нодире нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар кадом як давраи муҳими таърихро бозгӯ мекунанд. Яке аз чунин намуди ашёи беқиёс шамшери фулузии асрҳои II-I мелодӣ мебошад, ки имрӯз зеришиша ҳамчун ёдгории нотакрор ба тамошобинон пешниҳод шудааст. Ин шамшер аз лиҳози тарзи сохтор, шакли теғ, ҳунари коркарди фулуз ва нигоҳдории унсурҳои ороишӣ намунаи равшани ҳунарҳои оҳангарии он замон  ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки шамшери мазкур, ки бо сабки ниҳоят нозук ва коркарди баланди оҳангарӣ сохта шудааст, аз таърихи куҳан дарак медиҳад. Яъне, асрҳои II-I медодӣ давраи ташаккули равандҳои муҳими таърихӣ дар минтақаҳои кишвар буданд, ки дар пешрафти ҳунари мардумӣ ба авҷи худ расида буд. Ин шамшер, ки ҳанӯз ҳамчун ашёи нодир ҳифз мешавад, намунаи фарҳанги баланди ҳарбӣ ва ҳунари оҳангариро  инъикос менамояд. Оҳани ба корбурдашуда ва тарзи коркарди он аз сатҳи пешрафти технологияҳои оҳангудозӣ дар он давра шаҳодат медиҳанд. Дар ниҳояти кор, чунин асбоб на танҳо силоҳи ҷангӣ, балки нишонаи мақому нуфузи сарбозон ва силоҳсолорон буда, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ мавқеи муҳим доштааст.

Метавон гуфт, ки зеботарошии дастак, тавозуни комили теғ ва устувории фулуз гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳунармандони он замон дар коркарди оҳан ба дастовардҳои назаррас расида буданд.  Осорхонаи таърихӣ бо нигоҳдории чунин маводҳо на танҳо таърихро зинда нигоҳ медорад, балки ба ҳар тамошобин фаҳмонида метавонад, ки ҳамчун оинаи таърих аз вазъи  иҷтимоӣ, зиндагии ҳарбӣ ва завқи бадеии ҳунармандони он давра шаҳодат медиҳад. Изҳори ақида  намуд, ки ҳар ашёи ба намоиш гузошташуда, аз ҷумла ҳамин шамшери қадима ба мо имкон медиҳад, ки аз амиқи таърих огоҳ шуда, аз гузашта сабақ гирем ва ба арзишҳои воқеии миллии худ эҳтиром гузорем.

Хотиррасон намуд, ки шамшери асрҳои II-I мелодӣ , ки имрӯз дар осорхонаи таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад, на танҳо як ашёи кӯҳна, балки рамзи шукуҳ, таъриху фарҳанг, далерӣ ва ҳунармандии таърихи мардуми тоҷик мебошад. Ин гуна бозёфтҳо нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби тамаддуни бузург, илму ҳунар ва ҷаҳонбинии пешрафта будааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳифзи чунин ёдгориҳо саҳифаҳои пурифтихори таърихи хешро зинда нигоҳ медорад ва ба наслҳои оянда мероси арзишманд хоҳад гузошт.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШамшери асрҳои II- I мелодӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top