Дар асл, ҷамъоварии тангаҳо ва коғазҳои қиматбаҳо яке аз корҳои ҷолибтарин ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин моҳияти гирдоварӣ ( коллексия ) намудан ё хоҳиш пайдо кардан ва ба даст овардани ҳарчӣ бештар ашёҳои мушаххас ин тангаҳои қиматбаҳо мебошад.
Метавон гуфт, ки арзиши намунаи тангаҳои бештари гирдовардашуда аз рӯйи қадимиашон муайян карда мешавад, ки бинандаро худ ҷалб мекунанд. Дар замони худ баъзе тангаҳо хело гаронбаҳо ва нодиранд, ки метавонад соҳиби худро ба маънои аслӣ сарватманд гардонад.
Бале, аввалан мехоҳем бифаҳмем, ки чаро ин ё он тангаҳо арзишманд ном гирифтааст?. Чӣ қадар тангаҳои қадима куҳна шаванд, камёбии онҳо бо мурури замон нодиртар ва арзишашон баландтару дастнорас мешаванд. Он танагҳоро арзишашон гаронтар гуфта мешавад, ки дар муомилаи гардиши сармоя иштирок карда наметавонанд. Ин ҳама камёфт будани тангаҳоро нишон медиҳад , ки онҳо барои гирдоварӣ таваҷҷуҳ доранд.
Қобили зикр аст, ки якчанд намуди гирдоваришудаи тангаҳои қарохониҳои нуқрадодашуда аз деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара соли 1986 ёфтшуданд, дар толори намоишии “Маданият, илм ва адабиёти асри XI ва ибтидои асри XIII”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар зершиша баҳри тамошобинон маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Тангаҳои сиккашуда бештар бо номи шоҳи Қарохонӣ зада шуданд, ки ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки обруи шоҳ дар ин минақа баланд будааст. Арзиши миёнаи тангаҳо маълум нест, ки зоҳиран аз ҳамдигар фарқ намекунанд.
Бояд гуфт, ки таркиби тангаҳо аз хӯлаи мис сиккашуда иборат мебошанд, ки дирҳами бештар ба тарзи пулҳои қарзгирӣ, ки бо қурби баланд ба тилло иваз карда мешуданд, хизмат мекарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар давраи Қарохониҳо ва ахбори муаллифони асримиёнагӣ бештар аз рӯи тангаҳои қарахониён омӯхта мешаванд, ки ин тангаҳо аҳамияти муҳими сарчашмаи таърихии аввалиндараҷа доранд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”