Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иттифоқи касаба – ҳимоятгари мардум

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣвазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Иттифоқҳои касаба аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ ва ҳимоятгари мардум ҷойгоҳи хосса доранд.Онҳо бо сиёсати иҷтимоиву меҳнатии давлат ҳамқадам буда, барои беҳдошти шароити кору зиндагии кормандон саҳми назаррас мегузоранд. Иттифоқи касаба дар асоси Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи иттифоқи касаба ”, Оиннома ва дигар аснодҳои қонунгузори мамлакат фаъолият мебарад. Дар Тоҷикистон фаъолияти иттифоқҳои  касаба таърихи тӯлони дорад. Иттифоқҳои касаба имрӯз яке аз ташкилотҳои оммавӣ мебошад, ки наздик як миллион шаҳрвандонро муттаҳид месозанд.


Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят санаи 23 октябр чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,  Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор сарварони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон, ки ба болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо Ифтихорномаву Сипосномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд, инчунин Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”  низ барои фаъолияти пурсамар бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИттифоқи касаба – ҳимоятгари мардум
Scroll to Top