Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарахти хурмо- ганҷинаи табиат

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар замони муосир парвариши ниҳолҳо дар манзилу майдончаҳои назди ҳавлигӣ на танҳо як анъана, балки ниёзи замон гаштааст. Яке аз чунин ниҳолҳои  пурфоида ва зебо ин дарахти хурмо мебошад, ки меваи ширин ва серғизо дорад.

Бале, хурмо яке аз дарахтони сернафъ ва қадимӣ ба шумор меравад, ки лаззати хуш дорад. Ин дарахт дар иқлими гарм парвариш ёфта , имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон,  аз ҷумла дар кишвари  Тоҷикистон низ парвариш меёбад. Дарахти хурмо на танҳо бо таъмаи лазизаш, балки бо фоидаи зиёдаш ба саломатии инсон хело муфид аст.

Тазаккур дод, ки дарахти хурмо бори аввал дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ, бахусус дар давлатҳои Чин ва Ҷопон шинохта шудааст. Сипас, аз он ҷо ба дигар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ паҳн гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки  дар  Осиёи Марказӣ ва кишвари Тоҷикистон дарахти хурмо дар баъзе минтақаҳо баъди пухта расидан ранги қаҳвагӣ мегирад , дар байни  мардум онро бештар бо номи “хурмои сиёҳ” ва ё баъзан бо меҳри маҷозӣ  “шоколади табиӣ” ном мебаранд, ки таъми ширини қандин  дорад.

Бояд гуфт, ки дарахти хурмо ба гуруҳи дарахтони бисёрсола дохил мешавад, ки қадаш 10-15 метрро ташкил  ва баргҳояш сабзи дурахшон ва ғафс мебошад. Дар вақти норасоӣ таъмаш талх ва дар вақти пухта расидан ширин мешавад.

Қайд намуд, ки дар кишвари Тоҷикистон хурмо бештар дар минтақаҳои ҷанубӣ  вилояти Хатлон ва қисман дар вилояти Суғд парвариш карда мешаванд. Барои хубу рушду нумуъ  дарахти хурмо ба нури зиёди офтоб  обу ҳавои гарм эҳтиёҷ дорад. Онро бештар дар охири  фасли баҳор ё аввали тобистон мешинонанд,  ки  обёрии мунтазаму нигоҳбинии дурустро талаб мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар қисмати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, хона – музейи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир шудааст. Дар ин ҳавлии мазкур якчанд дарахти хурмо бо як амали муфид ва зебогии табиат шинонида шудааст. Ин дарахт на танҳо бо меваи лазизу фоидаовар, балки бо намуди назаррабои гулу гулбуттаҳою райҳонҳои хушбӯй диққатҷалбкунанда мебошад. Он ба муҳити зист ҳусни тоза мебахшад ва ҳамчун як унсури табии ороишӣ  арзиш дорад. Зебогии ин дарахти хурмо  метавонад барои меҳмонон ва  сайёҳони дохиливу хориҷӣ чун ҷузъе аз табиати зиндаи маҳаллӣ ҷолиб ва хотирмон ҳадя намояд. Маҳз ,чунин зебогии дарахтони  хурмо метавонанд,  сайёҳони дохиливу  хориҷиро мафтуни худ гардонида бо фарҳангу табиати ҳамешабаҳори кишвар  бештар ошно созанд.

Мусаллам аст, ки дарахти хурмо яке аз сарвати гаронбаҳо ганҷинаи табиат  буда, меваи он на танҳо ширин ва болаззат аст, балки ба саломатии инсон манфиатбахш мебошад.

Дар ҳақиқат , хурмо яке аз дарахтони пурбаракат ва ҳаётбахши минтақаҳои гарм ба ҳисоб рафта,  солимии баданро тақвият мебахшад. Ӯ на танҳо бо самараи ширину пурнеъматаш дар миёни мардум маҳбубият пайдо намудааст,  балки имрӯз ба ҳайси ниҳоли пурнеъмат ва сарчашмаи саломатӣ шинохта шуда, ҷеҳраи воқеаии табиати нотакрори  кишвари Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарахти хурмо- ганҷинаи табиат
Scroll to Top