Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қалами ӯст ҷовидон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чунин ном гирифтааст мақолаи навбатии мо зеро он башхида шудаст ба як ҷузъи асосии қалам давод, ки ба шахсияти маъруф иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ тааълуқ дорад. Ин шахс омӯзгор ва нависанда буда, бо сояи қалами хеш садҳо шогирдонро тарбия намудааст.  Даводон аз тарафи фарзанди сокини шаҳри Самарқанд ноҳияи Нурато қишлоқи Сойи хурд омӯзгор Турсунов Турсунмурод – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ҳамзамон ҳамхизмати нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сотим Улуғзода Гулов Раҳматшоҳ сокини шаҳри Хуҷанд ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тақдим гардид. Аз нақли Гулов Раҳматшоҳ  дар солҳои ҶБВ ҳамроҳи Сотим Улуғзода фаъолияти нависандагиашонро давом додаанд.

Давод – сиёҳидон, дудадон, зарфи музайяну мунаққаш (баъзан одӣ) аз лавозимоти санъати хаттотӣ. Даводро аз сафолу чинӣ, шиша ва мису биринҷ месозанд. Давод андозаҳои гуногун дошта, ҳаккокӣ карда мешуд. Баъзан ба рӯйи он бо хатти зебо мисраъ ё байте, панде менавиштанд. Давод аз қадим дар мамлакатҳои Шарқ маъмул буд. Дар асрҳои миёна қутии дарозрӯяи сарпӯшдорро, ки дар он сиёҳидону қаламҳо нигоҳ дошта мешуданд, низ Давод мегуфтанд. Ҳоло даводҳое истеҳсол мешаванд, ки бидуни лавозимоти хатнависӣ қаламтарош, ширеш, дирафш, соат ва ғайра низ доранд.

Ин иқдом барои ғани гардонидани фонди Осорхона пешбинӣ кардашуда, он муаррифгари як саҳифаи таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз миннатдории кулли кормандони маҷмааро ба ин шахси ватандӯсту ватанпарвар иброз менамоем ва умед аз он дорем, ки сафи чунин шахсиятҳо зиёд гарданд.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚалами ӯст ҷовидон
Scroll to Top