Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таассуроти меҳмонон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 23 -уми сентябри соли 2025 ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи  Русия  бо сарварии Лешпаева Аделина Олеговна – Комитети давлатии Ҷумҳурии Тотористон оид ба сайёҳӣ  аз макони таърихию фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва  Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Зимни мулоқоти самимӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов меҳмононро дар  даромадгоҳи  осорхонаи таърихӣ хайру мақдам ва шодбош намуд.

Сипас, ҳайати гуруҳи меҳмононро дар сатҳи баланди касбӣ роҳбалади ботаҷрибаи муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон аз толорҳои намоишии  осорхонаи таърихӣ сайри тамошо гузаронида аз таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, ашёҳои нодир ва экспонатҳо, ки  ҳар яки онҳо аз давраҳои гуногуни зиндагии мардум ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегирад, аз наздик ошно намуд.

Сониян, ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон бо намояндагон ва шахсони масъули субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои вилояти Суғд,  дар толори қалъаи таърихӣ  оид ба робитаи ҳамкории самти сайёҳӣ ва равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Баъдани вохӯрии дуҷониба  ҳайати гуруҳи меҳмонон сайри илмиро идома бахшида аз толорҳои намоишӣ бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, нақшунигор бо тарзи ҳунарҳои  мардумӣ, ки инъикосгарӣ замони гузаштаро тақозо мекунад, дидан намуданд.

Дар ҷараёни тамошо аз макони қалъаи таърихӣ , ки таърихи миллати тоҷик бо ёдгориҳои тамаддуни фарҳангу таърихи ҳазорсолаи мардуми кишвари Тоҷикистонро пеши назар меорад, бештар ба худ ҷалб намуд.

Воқеан, таассурот аз макони таърихӣ ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ барои меҳмонон ин огоҳӣ пайдо намудан аз арзишҳои ёдгориҳои тамаддуни халқи тоҷик буда ва дар оянда равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи сайри тамошо  меҳмонон аз намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ  ба монанди ҳавлии тоҷир, қолинбофӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, сангтарошӣ гузар намуда бо тарзи зисти онрӯзаи рӯзгори мардуми ниёгон ва инчунин машғул шудани ҳунармандон бо санъат ва эҳё намудани ҳунари  волои гузаштагон аз наздик шинос гардиданд.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон аз дидори чунин сайри тамошо болидахотир гардида барои истиқболи самимии меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаассуроти меҳмонон аз макони таърихӣ
Scroll to Top