Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мактубдон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз қадимулайём навиштани мактуб ва ба он ҷавоб фиристонидан аз нишонаҳои инсони бофарҳангу бомаърифат буданро нишон медиҳад. Дар замони худ мактуб қобилияти баланди номнависӣ дошт, ки ба ҳар намуд ирсол карда мешуданд.

Бояд зикр намуд, ки мактуб аз “салому алейк” оғоз мегардид ва он ҳатман беҷавоб намемонд. Бале, пайдоиши мактуб таърихи куҳан дорад, ки робитаи алоқаро бо ҳам пайваст мекард, ки мардум дар як фосилаи муайян байни ҳамдигар муошират мекарданд. Намуди мактубҳо гуногун мебошанд, ки ба монанди саломатӣ,  дӯстона, сулҳхоҳона, ошиқона, сафарнома, маслиҳатӣ, арзиҳолӣ, шикоятӣ, кушод ва ғ. мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони кунуни барои рушду нумуи фарҳанги маърифат дар бисёр ташкилоту идораҳо, мақомотҳои давлатӣ бо мактубҳои расмӣ оиди ин ё он масъалаҳои марбута бозрасӣ ва  муроҷиат мекунанд, ки беҷавоб нахоҳад монд. Мактубҳо мувофиқи шароити навишан оиди доираи мавҷуда ва изҳори матлаб мухтасар баён мегардад ва агар  мактубҳо беимзо ва ё қайди тартиб надошта бошанд, боиси нохушиҳои зиёдеро рӯ ба рӯ мегардонад.

Хотиррасон намуд, ки дар айёми гузаштаи қадим  мактубҳо бо воситаи хидматгарон, шахсони бомасъул, ки бо расонидани мактуб ва ҷавоби он машғул буданд бо қоғазҳои дароз навишташудаи лӯлапечонидашударо ба мактубдони махсус ҷой дода бо  корвонҳо ва баъзан бо воситаи кабӯтарон ба ҷойҳои лозима бурда мерасониданд. Чунин намуди мактубдони қадима тааллуқ ба асри XIX дар зершишаи толори намоишии “Ҳавзаи илмӣ – адабӣ шаҳри Хуҷанд”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки бинандаро мафтуни худ мегардонад.

Бо мурури тараққиёти пешравии  замони муосир , минбаъд бо баробари инкишофи робитаи мактубнависӣ барои ба дасти соҳибаш расонидани мактуб лифофа ( конверт ) ва марказҳои почтавӣ хизматрасонӣ мекарданд. Интишори марказҳои почта ва лифофаҳо тез вусъат пайдо  кард ва  оҳиста ҷояшро  телеграф гирифту мактубҳои хосаро “телеграмма” ва ё “барқия” иваз намуд. Фарқи байни мактуб ва барқия дар он аст, ки ҳар як ҳарфи барқия бо воситаи радиосигналҳо ва ё бо тавассути телефон аз ҷониби ходимони алоқаи почта расонида мешуданд.

Ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ дар ҳар даромадгоҳи маҳаллаву биноҳои истиқомати қуттиҳои махсуси почта вуҷуд дошт, ки ҳар рӯз бо автомашини махсуси почтакашон садҳо мактубҳои навиштаҷотро дастрас мекарданд. Инчунин чанд номгӯи тозанашри маҷаллаҳо, газетаву журналҳо дар назди мағозаҳои марказӣ, бозору хиёбонҳо, дорухонаҳову бемористонҳо дӯкончаҳои махсуси фурӯш мавҷуд буданд, ки мардум аз он бемалол истифода мебурданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМактубдон
Scroll to Top