Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздид аз боргоҳи таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоми санаи 22-уми сетябри соли 2025 , тибқи нақшаи барномавӣ  оид ба   чорабинии “Муколимаи занони Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардида буд, ҳайати гуруҳи бонуфузи меҳмонон бо мақсади шиносӣ пайдо намудан аз мероси таърихи халқи тоҷик аз боргоҳи макони таърихии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва  Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳайати  меҳмонони хоричӣ, аз кишвари ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ташриф фармуданд, ки меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои осорхонаи  таърихӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур гуруҳи  меҳмононро тавассути сайри илмӣ аз толорҳои намоишии осорхонаи таърихӣ ва аз толорҳои намоишӣ  қалъаи таърихӣ, ки бо таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик, инчунин бо санъати нотакрори меъмории қадимаи тоҷикон , аз наздик шинос намуданд.

Дар идомаи сайри илмӣ меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхонаи таърихӣ изҳори хушҳолӣ намуда   бо камоли эҳтиром ба китоби “Меҳмонони фахрӣ”- и Қалъаи таърихии Хуҷанд андешаҳои хешро  соядаст намуданд. Дар фарҷоми боздид аз ин макони боҳашамати нотакрори қалъаи таърихии аҷдодӣ, ки ҳар толори намоишӣ давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегирад, истодагарӣ намуданд.

Инчунин, гуруҳи меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандонӣ мардумӣ ва ҳавлии тоҷир бо лавозимоти рӯзгор, сохти хонаҳои қадимаи гилинӣ ва бо саҳнаи ҳавлии қадима, дарахтони сояафкану мевадор, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, тангкӯчаву паскӯчаҳоро пеши назар меорад, шиносоӣ пайдо намуданд.

Воқеан, хурсандии меҳмонон  ҳадду канор надошт ба хотири арҷгузорӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ба роҳбарияти муассисаи мазкур барои истиқболи самимӣ  арзу сипос намуданд, ки басо хотирмон буд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздид аз боргоҳи таърихӣ
Scroll to Top