Санаи 22-уми сентябри соли 2025, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ- техникии Тоҷикистон, дар толори калони Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо аҳли шунавандагон семинари омӯзиши баргузор гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ташкилоти Ҷамъияти Ғайридавлатии Ғайритиҷоратӣ буда, тавассути баргузории семинари мазкур бо истифодаи самарбахши потенсиали илмии техникии зиёиён ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, мутобиқгардонӣ, маорифӣ, машваратӣ ба инкишофи ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардидани сифати ҳаёти шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, барномарезӣ карда шуд.




Қобили зикр аст, ки дар фарҷоми ҷамъбасти семинари мазкур гуруҳи меҳмонон аз фурсати қулай истифода бурда, аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ дидан намуданд. Ҳайати меҳмононро роҳбалади муассисаи мазкур Алишери Мехринисо аз толорҳои намоиши сайри илмӣ гузаронида, аз мероси ғании таърихӣ- фарҳангии гузаштагони миллати тоҷик ошно намуд. Зимни боздид аз санъати тасвирӣ, ашёҳои нодир ва экспонатҳо ва ёдгориҳои вуҷуд дошта, ки муҳимияти таърихиро доранд бо урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.
Воқеан, рисолати боздид аз қалъаи таърихӣ ба ҳар бинанда ғизои маънавӣ бахшида аз ҷониби меҳмонон ба аҳли кормандони муассисаи мазкур барои гирдоварии маводҳои таърихӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихии ниёгони миллати тоҷик изҳори минатдорӣ намуданд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”