Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зарфандози қадима

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Агар ба саноати ошпазии замони муосир назар афканем,   бо маҳорати серталабу самаранок , инчунин ташкил намудани тамоми  лавозимотҳои зарурии асбобҳои ошхона ба мардум  хизматрасонӣ намуда  истодаанд. Дар ин шароити кунуни чӣ дар манзили зист ё тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаву чойхона қобилияти нигоҳ доштани зарфҳои ошхона ба таври муассир таъмин мебошанд. Ин усули замонавӣ фазои нигоҳ доштани зарфҳоро дигаргун мекунад. Имрӯзҳо метавон дид, ки  барои баланд бардоштани таҷрибаи рӯзгордорӣ ва нигоҳдории лавозимотҳои ошхона тамоми шароитҳо  муҳайё дастрас ва  пайваста инкишоф ёфта истодааст.

Бале, агар саҳифаи зиндагии замони гузаштаи ниёгонро варақгардон кунем, тамоми лавозимотҳои зарурӣ  на он қадар муҳаё буд , лек ба тозагиву нафосати ошхона эътибор дода , ба  қоидаҳои санитарӣ -  гигенӣ ва бехатарии ҳаёт риоя мекарданд. Барои қонеъ кардани тамоми эҳтиёҷоти зарфҳои  лавозимоти ошхона аз ҷониби  соҳибхонаҳои моҳир нигоҳдорӣ мешуд, ки ба талаботи  зиндагӣ ҷавобгӯ буд.

Қобили зикр аст, ки дар толори намоишии “Таҳти мавзуи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XIV-XV “-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, таҳти қайди моликияти давлатии КП-562  Э- 639 зарфдон  бо андозаи баландиаш 16 см, қутраш 18,5 см аз шохаҳои дарахти тут, ки аз ҷониби ҳунармандони мардумии сабадбофон сохта шуда, баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки зарфдон асбоби рӯзгор буда , ҳамарӯза дар ҳаёти зиндагии мардуми тоҷик аз қадимулайём истифода бурда мешуданд. Ин зарфдони  ошхона сарпӯш дошта , дар дохилаш  ғизои пухташуда, ҷурғот, қаймоқ, нону ширинӣ  ва дигаре , ки ду тарафаш ресмон дорад  ба шохаҳои дарахтон овехташуда, чун яхдони табии  то рӯзҳои оянда нигоҳ дошта мешудааст.

Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗарфандози қадима
Scroll to Top