Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳафриёти Панҷакенти қадим

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Омӯзиши таърих, бахусус арҷгузорӣ ба мероси моддии ниёгонамон, тайи солҳои истиқлоли давлатии кишвар, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милль — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистонро ҳарчи бештар ҷалб намуд. Дар ин замина олимони тоҷик низ баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои беш аз пеш, ба хотири ҳарчи бештар равшанӣ андохтан ба саҳифаҳои норавшани таърихи миллат ва тамаддуни қадимаи он, пайваста ҷидду ҷахд менамоянд.

Бояд гуфт, ки мероси моддии ниёгони мо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон, ки асрҳо қабл макону мавзеи бурдубоши аҷдодони ин миллати куҳанбунёду тамаддунофар буданд, қисман омӯхтаву ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе аз онҳо барои шомил гардидан ба рӯйхати ёдгориҳои умумибашарии дар қайди ЮНЕСКО - буда пешниҳод гардидаанд. Ва тарзе ки қаблан иброз доштем, дар ин самт омӯзишу таҳқиқ пайваста идома дорад.

Панҷакенти қадим низ тибқи тадқиқоту ҳафриётҳои анҷомпазируфта, яке аз бузургтарин шаҳрҳои тоҷикнишин дониста шудааст, ки дар он асрҳои V—VIII милодӣ зиндагӣ сурат гирифтааст.

Тибқи омӯзиши наздик ба 75-солаи ин шаҳри қадима, олимон бо роҳбарии Маршак Борис Илич аз соли 1954 корҳои ҳафриётиро оғоз намуда, сохту чи гуна эъмор ёфтани он ва аз кадом қисматҳо иборат буданашро аз нигоҳи илмӣ, муайян намудаанд.

Ҳамасола дар ҳудуди Панҷакенти қадим экспедитсияи муштараки Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Соли равон низ аз санаи 1 - ум то 27 - уми август бо ташаббуси Осорхонаи Эрмитажи Санкт – Петербурги Федератсияи Руссия дар якҷоягӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакенти қадим таҳқиқоти бостоншиносӣ бо роҳбарии Павел Лурье ва Абдувоҳид Зиёзода гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи кории Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои такмил додани дониши худ корманди илмии осорхона - Маҳмудов Нурулло ба ҳайси бостоншинос дар ҳафриёти муштараки Панҷакенти қадим иштирок намуд.

Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ як қатор бозёфтҳои таърихӣ ба даст омаданд, ки бозгӯяндаи давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад ва ҳар яки онҳо саҳифаи навини таърихи тоҷиконро боз менамоянд.      

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲафриёти Панҷакенти қадим
Scroll to Top