Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши китоб дар даврони Истиқлол

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 04.09.2025 бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи китоб конфронси илмӣ таҳти унвони “Нақши китоб дар даврони Истиқлол” дар толори маҷлисгоҳи “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Истиқлоли давлатӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихиву фарҳангӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми мардуми кишвари Тоҷикистони ободу озод имрӯз ифтихор доранд, ки сию чаҳор сол пеш нахустин хишти пойдевори истиқлоли воқеии худро гузошта бо шарофати мустақилият соҳиби рамзу нишонаҳои давлатӣ – Парчам, нишон ва суруди миллӣ гардиданд.

 

Даврони истиқлол барои мардуми тоҷик имкониятҳои воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзаву ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари Тоҷикистони маҳбубро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намояд. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ , давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро омӯзонида , меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Маҳз дар даврони Истиқлол нақш ва мақоми  китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Миллати соҳибфарҳанги мо аз қадим соҳиби китоб ва адабиёти фарҳанги ғановатманд буда, бо одобу рафтори нек, ахлоқи ҳамида, забони шево ва расму ойинҳои хоси миллӣ машҳур гардидааст”.

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама, бо китобу хомааш мешиносанд.

Дар конфронс Набиҷон Раҳимов – бостоншинос, профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, Ислом Раҳимов - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, Баҳроми Раҳматзод – директори МД “Маркази илмии Камол”. Олимов Дилшод – муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ, Қодиров Ҷумъадулло – сардори шӯъбаи ташкилу назорати фаъолияти китобдорӣ ва такмили ихтисоси “Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ”, Комилов Абдуғафур намоянда аз Иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ,  донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” факултети филологияи тоҷик, шарқшиносӣ, донишҷӯёни ДДҲБСТ факултети  сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.

Шарифахон Сайфиева - мудири шуъбаи
оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеъа
дар МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши китоб дар даврони Истиқлол
Scroll to Top