Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ифтихори аҳли фарҳанг

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар як инсони фарҳангдӯст  бояд баҳри ободу зебо гардонидани гетӣ ва хурсандиву шодмон намудан бо хизматҳои шоиста ҷидду ҷаҳд  намояд. Ба ин васила  ӯ метавонад, ки номи худро дар таърихи башар ҳамчун инсони меҳандӯсту накӯкор дар ҷомеа намунаи ибрат номнавис кунад.

Ба ин хотир,  санаи 31-июли соли 2025 дар толори  Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳанги Суғдиён”, ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти меҳнатӣ бо иштироки кормандону муҳаққиқони соҳаи фарҳанги вилояти Суғд  баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабини   Бахтиёр Қосимов - сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд, бо сухани муқаддимави  аҳли нишастро оид ба бурду бохти  дастовардҳои соҳаи фарҳанг   маълумоти бештар дод.   Дар баромади хеш зикр намуд , ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳангро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва бо мақсади пешрафти ҳамаҷониба  беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи фарҳанг тамоми  имкониятҳоро муҳайё намудааст, истодагарӣ намуд.Инчунин  дар идомаи чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони соҳаи фарҳанг баромад намуда , назари худро дар бораи равандҳои  фарҳанги муосир баён карданд.Ҳамзамон,  дар соҳаҳои  фарҳанги вилоят ба пешравӣ ва дастовардҳои муайян  ноил гардиданд, ки  пурфайзу  бобарор ва умедбахш буд.

Дар интиҳои чорабинии мазкур  кормандону  мутахассисони  соҳаи фарҳанг , ки солҳои тӯлони  дар рушди  ташаккули фарҳанг заҳмат кашиданд бо ҷоизаву ифтихорномаҳо  қадрдонӣ гардиданд.

Мутрибахон Мамадҷонова- мудири шуъбаи таърих ва Шарифахон Сайфиева-  мудири шуъбаи оммави фарҳанги ва робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои дастовардҳои беназир бо ҷоизаи “Аълочии соҳаи фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор гардонида шуданд.

Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барои сазовор гардидан бо дастовардҳои зикршуда табрику муборакбод намуда, дар фатҳи қуллаҳои баланди минбаъдаи илму фарҳанг барояшон бурдбориҳо орзу менамоянд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИфтихори аҳли фарҳанг
Scroll to Top