Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Вуруди нигораҳои нав

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Тибқи тадқиқотҳои муаррихон дар Тоҷикистон баъди солҳои 20-уми асри ХХ масъалаи ташкили осорхонаҳо ба миён омад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аввалин осорхона дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инак тӯли 90-сол аст, ки ин осорхона чун муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши сазовор мегузорад. Яке аз роҳҳои ибтидоӣ ва асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҷамъоварии онҳо дар осорхонаҳо мебошад. Зеро дар осорхона барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароити махсус муҳайё карда шуда, онҳо зери назорати касбӣ қарор мегиранд. Бо назардошти ин дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд комиссияи харидории хазинаи осорхона амал менамояд, ки он тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» фаъолият дорад. Аъзоёни ин комиссия баҳри ғанигардонии хазинаи осорхона намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд.

    Дар соли 2015 ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» ва нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии нигораҳо аз мардум, бо мақсади пуррагардонии маъхази осорхона 9 ҷаласаи комиссияи харидорӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ 279 адад ашёҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шуда, 261 адад харидорӣ ва 18 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба таври ройгон қабул шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2016 бошад, ин нишондод аллакай ба 300 адад расидааст. Ҳамчунин баҳри ғанигардонии осори хаттӣ дар соли 2015 204 адад дастнавис ва китобҳои нодир харидорӣ гардидаанд. Аъзои комиссияи фондӣ барои хазинаи осорхона санги тарозу, чароғи сиёҳ, қаламдон, шамшер, мӯҳр, танга, гӯшвора, сӯзаниву ҷомаҳо, табақи мисину сангин ва дигар ашёҳои гуногуни таърихиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки алҳол кормандони илмӣ ба нигораҳои нав воридгардида тавсифномаи илмӣ тартиб дода истодаанд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВуруди нигораҳои нав
Scroll to Top