Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ваҳдат- омили рушди суботи мамлакат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ваҳдат калимаест, ки бо  маънои  оҳанги томаш  инсонро ба ягонагӣ ва сарҷамъӣ даъват мекунад. Агар ба таърихи гузаштагони  миллати тоҷикон назар афканем, барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додани рушду суботи оромии  мардум ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш мегирифтанд.

Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба шумор меравад. Аз қадимулайём мардуми миллати тоҷик  барои осудаву оромона умр ба сар бурдан  заҳмат мекашиданд  ва барои пешрафти ҷомеа ҷидду ҷаҳд мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам , Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  суханрониашон гуфта буданд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”

Зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан буда, сулҳу ваҳдат ибораи бо  ҳамчаспи наздик ҳастанд, ки ҳамеша садои фораму гӯшнишин дорад, ки бевосита шунавандаро ба фикр кардан майл мекунад. Яъне, сулҳ- оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум мекунад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сарҷамъ шудан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмию миллатдӯст буданро нишон медиҳад.

Ваҳдат- беҳтарин неъмати рӯйи замин, ҳаёти инсон, орзуву ормон, наҷоти миллат, нумуи ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор  меравад.. Ин маҳфумҳои муқаддас миёни дигар мафҳумҳо барои ҳар як инсон пурқиммат буда , чун сулҳу амният , маърифату фарҳанг, ватандориву меҳандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи худро дорад. Зеро ,  ваҳдати миллӣ   сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо ва некӯаҳолии ҷомеа ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати  халқи тоҷикон мебошад.  Гуфта метавон, ки  ваҳдат ва сулҳу умумибашарии кишвари Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои бурунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор  намудааст. Имрӯз иттифоқ, сарҷамъию ҳамдилии мардуми тоҷик  мавриди Созмони Миллати Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои бонуфузи дунё қарор гирифтааст.Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбуб бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан  ватабиатан сулҳдӯст, ваҳдатофар ва созандаю бунёдкор  мебошад. Зеро ки шоирони ваҳдатсарои миллати тоҷик чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Шайх Камол, Ҷомиву Турсунзода, Лоиқу Бозор Собир ва даҳҳо дигар , ки осорашон саросар аз ватандӯстиву сулҳофар ва ибратбахшу ҷовидонанд, ки андешаҳои бойи таърихӣ доранд. Чӣ тавре ки арзёбӣ мегардад,  “Давлат з- иттифоқ хезад...”, ки ин дурдонаҳои маънавии миллати тоҷик тайи чандинасрҳо аз насл ба насл ба мерос гузашта ва ифшогари афкори халқи қадимаи тоҷиконро  дар бар мегирад.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар он  давлате, ки сулҳу оромӣ ва дӯстӣ ҳукмфармо бошад, он давлат рӯз ба рӯз гул-гул мешукуфад, рушди  иқтисодиёти зиндагии мардумаш меафзояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки маҳз бо кӯшишҳои беандозаи пайгиронаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мардуми кишвари Тоҷикистони азиз сарҷамъ, орому осуда ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоти хурсандӣ , ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ёдовар шуд , ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, ҳамасола санаи 27-июн дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Ваҳдат- омили рушди суботи мамлакат
Scroll to Top