Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ваҳдати миллӣ- пояи сулҳ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 20-уми июни соли  2025  дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба муносибати 28-умин солгарди  рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Сулҳу Ваҳдат- омили асосии пешрафти мамлакат” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии мазкур намояндагони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, устоду донишҷӯён,  муассисаю ташкилотҳои соҳаи бахши фарҳанг ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро   директори  китобхонаи мазкур, Баҳром Мирсаидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии  рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Сухани аввалро ба устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ”ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров” Карими Шариф дод.

Устод Карими Шариф аз замони соҳибистиқлоли давлати Тоҷикистон, нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадани  ваҳдати миллӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар вазнинтарин ҳолати ҳассоси кишвар ба ҷанг ғӯтидаи мардуми бегуноҳи парокандашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдат, сарҷамъ намудани миллати тоҷикон, ҷасорат ва ҷонфидоии марди шуҷоъ, ки имрӯз хушбахтона ба ин саодати  рӯзгори оромиву осудагии расидаем, истодагарӣ намуд.

Ҳамзамон дар конфронси илмӣ дотсенти кафедраи сиёсатшиносии МДТ “ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” Одинаев Алиҷон, дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров Шарипов Шавкат ва директори маҷаллаи “Раҳнамои Тоҷикистон” Умарова Ҷаннат низ дар бораи ваҳдати миллӣ маърӯза намуда, муҳиммияти онро барои осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷом  Баҳром Мирсаидов   тамоми иштирокчиёни конфронси илмиро бо ин санаи фархунда боз як бори дигар   табрику таҳният намуда,  ба мардуми кишвари Тоҷикистон  саодатмандиву хушбахтиҳои зиндагии осоиштаро таманно намуд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВаҳдати миллӣ- пояи сулҳ
Scroll to Top