Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чиллаи тобистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар кишвари  Тоҷикистон  фасли давраи шадидтарини тобистон  пайваста гарму тасфон мешавад, ки айёми гармтарини фасл буда, аз 25 июн чиллаи тобистон оғоз  мегардад. Маъмулан  ҳарорати ҳаво дар ин моҳ аз рӯи нишондоди  хадамоти ҳавосанҷҳо эҳтимолан то 40-45*с дараҷа  мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки шояд дар айёми кӯдакӣ аз калонсолони хонавода дар бораи чиллаи тобистон ё зимистон нақлҳои ҷолибро шунида бошем, ки “ чилла чист?” Аксари мардум ба таври аниқ гуфта наметавонанд, ки кай чилла медарояду он кай мебарояд. Вақте ки ҳаво гарму тасфон мешавад, асли онро надониста мегӯянд, ки чилла даромадааст. Ё баръакс фасли зимистон хунуки сахт шуд, ҳамин тавр мегӯянд.

Дар ибораи дигар, “чилла”-и  фасли тобистонро “саратон” ҳам мегӯянд. Ин давраи чилрӯза аз 25 июн то 5 август, аз рӯи анъанаи мардумӣ давраи гармои бебодии фасли  тобистон мебошад .

Зикр намуд, ки дар фасли гармои шадиди  тобистон  кӯшиш кунем, ки  дар зери нури офтоби   сӯзон  кам гаштугузор намоем. Илоҷаш бошад, сарпӯш пӯшем ва ё аз чатр истифода барем. Дар авҷи гармӣ худро аз корҳои ҷисмонӣ азият медиҳанд, худдорӣ намоем, ба қадри кофӣ тез-тез об нӯшем на нӯшокиҳои сард аз яхдон, балки оби форам аз ҳама беҳтар чойи кабуд хубтару ташнашикан  аст.

Хотиррасон намуд, ки ин фасли пурбору тиллоӣ дар баробари  пухта расидани  сабзавоту меваҷотҳои ширини  болаззати кишвар  мушкилоти худро низ доранд.  Аз сару пешонии инсон арақ  мерезад, либос дар бадан мечаспад, ташнагӣ ғалаба мекунад ва амсоли онҳо инсон бемадориро ҳис мекунад.

Бале, риояи эҳтиёт намудан  аз гармӣ ба сокинон кӯмак мерасонад,  то ки ба  фасли гармои тобистон  бароҳат  тобовар бошанд,  чунки  гармӣ ҳукмфармост. Дар ин айёми гармӣ мутахассисони  соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки бештар  меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро  истифода бурдан бамаврид  аст, зеро  ки  ҷисми  инсонро бо об таъмин намуда, ба пешгирии беобшавии  бадан мусоидат мекунад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧиллаи тобистон
Scroll to Top