Санаи 19-уми июни соли 2025 ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз тамошои макони таърихию фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Зикр намуд, ки ҳайати гуруҳи кормандони милитсия бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аз толорҳои намоишии осорхонаи таърихӣ ва қалъаи таърихӣ аз наздик ошно гардиданд.
Дар ҷараёни тамошои толорҳои намоиши роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур, ки осорхонаи таърихӣ як макони илмию фарҳангӣ буда тамошобинро бо ороиши рангорангаш аз ҳаёти гузаштагони халқи тоҷик ошно менамояд, шинос намуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд давоми беш аз як аср инҷониб мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бешикасту рехт муҳофизат ва ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол дода истодааст.
Инчунин меҳмонон дар идомаи тамошо аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ гузар намуда аз санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва маводу ашёҳои қадимаи мардумӣ тоҷик, ҷамъоварии экспонатҳо, муҷассамаҳои шоирону нависандагони халқи тоҷик ва аз дастовардҳои беназири замони истиқлоли давлатӣ маълумоти мушаххас гирифтанд.
Дар бахши тамошо гуруҳи меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ошно гардида, баробари ворид шудан ба ҳавлии ҳунармандон аз таърихи рӯзгордории замони гузаштаи ниёгон, урфу анъанаҳои миллӣ, ҷамъоварии маводҳои асбобҳои рӯзгор ва созмондиҳии ҳар гӯшаро дидан намуданд, ки хело ҷолиби диққат буд.
Воқеан, ташкили чунин тамошои дастаҷамъона аз макони таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик аз наздик ошно мегардонад ва ба руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносии инсонро баланд мебардорад.
Қобили зикр аст, ки бозгӯи чунин тамошои дастаҷамъона шиносоӣ бо қалъаи таърихӣ ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дастовардҳои навбатӣ ба ҳайати шахси , алалхусус ба кормандони ҷавон таассуроти калон бахшид.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”