Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷассуми санъати наққошӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, санъат равиш ва натиҷаи  маънои ифодаи ҳиссиётро дар образҳои гуногун ифода мекунад. Ҳамин тавр санъати наққошӣ дар ҳама давру замон маҳорати баланди истеъдоди касбӣ  дошта,  то ҳоло тавоноии худро гум накардааст. Санъати наққошӣ ин истеъдодӣ баён намудани  муайян ба тамошобин ба тарзи ҳунари тасвирӣ мебошад.

Бале, шаҳри Хуҷанди бостонӣ, яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.Он макони зодгоҳи бисёр шоирону орифон, нависандагон, санъаткорону ҳунармандони мардумӣ шинохта шудааст.

Қобили зикр аст, ки  Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”,  чун муассисаи илмӣ ва фарҳангӣ, гирдоварӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддиву маънавиро ифода мекунад, ки аз панҷ толорҳои намоишӣ иборат мебошад. Яке аз ин  толори намоишии “Ҳавзаи илмӣ-адабӣ шаҳри Хуҷанд” мебошад , ки  ин толори бошукуҳ бо омехтаи санъати гаҷкорию наққошӣ ва кундалкорӣ оро дода шудааст.Санъати наққошӣ ва гаҷкорӣ ҳунари офаридаи нақш, маҳсули эҷодии санъаткоронӣ мардумӣ  ва касбӣ маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки сақфи толори мазкурро наққоши мардумӣ усто-  Иномҷон Аҳмадов бо шогирдони хеш дар тӯли 2-сол бо кундалкориву наққошӣ ба анҷом расонидааст. Дар сақфи мазкур  асосан нақшҳои ислимиву ҳандасавӣ, гулпартоӣ  ва дар миёнаи чор тарафи толор намуди ҳавзакҳо истифода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар идомабахши толорҳои намоишӣ    толори хурди  “Санъати кундалкорӣ” мавҷуд аст, ки кундал яке аз санъати наққошӣ буда, он ҳамчун усули наққошӣ аввалин бор дар асри XV маъмул гардида, асри XVI ба пояи баланди инкишофи расидааст. Яке аз давомдиҳандагони касбии  мардумӣ анъана ва ҳунари наққошии аҷдодӣ усто- Аҳмадов Иномҷон мебошад, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш дар ин ҷода асарҳои зиёде офаридааст, ки чанд намунае аз онҳо дар толори мазкур  баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Ибтикори дигаре, дар қисми шимолу шарқии Қалъаи таърихии Хуҷанд , намунаи бунёди маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд , ки он аз ҳашт ҳавлии ҳунармандони мардумӣ иборат буда, якеаш ҳавлии наққошӣ маҳсуб меёбад. Дар он ҳавлиҳо рӯзгордорӣ ва фарогирии суннату анъанаҳои суннати мардумиро инъикос дода шуданд. Яке аз ҳавлии аввал ҳавлии наққошӣ мебошад, ки усто Иномҷон Аҳмадов бо ҳунармандони мардумӣ бо ҳунари  наққошӣ, рассомӣ ва кундалкорӣ машғули кор ҳастанд.

Метавон гуфт, ки наққошӣ ҳунари офаридаи нақш, маҳсули эҷодиёт ва касбӣ буда, яке аз навъҳои бостонии санъати ороиши ва амалии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Барои аз бар намудани ҳунари наққошӣ шахси ҳунарманд бояд, тамоми нозукиҳои онро аз худ кунад ва шавқи зиёд дошта бошад. Бале, нақши миллӣ ба василаи санъати ороиши амалӣ аз мавзуъҳои басо муҳим  маҳсуб ёфта, замони ҷаҳонишавии муосир ва ба ҳам омадани тамаддунҳо эҳёву зинда доштани ҳунарро тақозо мекунад.

Мавриди зикр аст, ки нақш дар санъати  наққошӣ бо усули муайян такроран сабт намудани порчаҳои ҳандасавӣ, зооморфӣ, кутубавӣ  ва  набототиро тарҳрезӣ  мекунад, ки фарқияти асосии он санъати тасвирӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб нақш танҳо ҳунари наққошӣ ба шумор меравад- гуфт дар суҳбати  саргарми кор ҳунарманди мардумӣ Иномҷон Аҳмадов.

Дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки санъати наққошӣ аз қадим дар байни ҳунармандони мардумӣ ва касбӣ маълум буда, наққошон аз навъҳои гуногуни он ба монанди ислимӣ, занҷира, гиреҳ ва дигаре васеъ истифода мебурданд. Маълум гардид, ки наққошӣ аз замонҳои қадим ривоқу равнақ ёфта, инкишофи  ҳунарҳои мардумӣ ба монанди кулолгарӣ, мисгарӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва ғ. ба тараққиёти наққошӣ мусоидат мекардааст. Аз нақшҳои офаридани  устод Иномҷон Аҳмадов маълум мегардад, ки бештар ҷавҳари нақши ислимиро шоху баргу банд, муғча, лола, сунбул ва ғ. ташкил медиҳанд. Инчунин  дар нақшҳои ислимӣ бештар якрафтор, дурафтор, серафтор, содда ё мураккаб ифода ёфтааст. Дар идомаи  суҳбат гуфт, ки  наққошони моҳири замони гузашта  ба қолаби тарҳ якбора нақшҳои хело мураккабро  офарида метавонистанд.Лек, ҳар як нақшу нигор усторо  қонеъ карда наметавонад. Масалан гуфт, ки наққоши ботаҷриба медонист, ки ин ё он навъи нақш барои ороиши сутун ё девор мувофиқ меояд, вале барои шифти хона зебанда нест.

Имрӯзҳо бошад, шукронаи замони истиқлоли давлатӣ ва эҳёи санъати миллӣ ҳунари наққошон дар толорҳои намоишии  қасри боҳашамати  Арбоб, қалъаи таърихӣ, сохмонҳои қасрҳои фарҳангӣ ва дигар биноҳои маъмурию истиқоматӣ васеъ истифода мебаранд.

Иномҷон Аҳмадов яке аз ҳунармандони мардумии тоҷик буда , аз устодони ин санъат нозукиҳоро омӯхта , навъҳои гуногуни онро дар эҷодиёти хеш, санъати қадимаи наққоширо ривоҷу равнақ дода истодааст.

Қобили зикр аст, ки Иномҷон Аҳмадов бо ҳунари наққошӣ, то имрӯз баҳри ҷустуҷӯи услубҳои навин, сайқал додани маҳорати худ ва водор намудани навгониҳо ба ин санъати нотакрор кору фаъолият дорад. Ҳамзамон ӯ аз соли 1990 аъзои Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз соли 1992 аъзои  Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад.

Хотиррасон намуд, ки намунаҳои асарҳои эҷодии устод Иномҷон Аҳмадов дар бисёр мамолики дунё ба монанди кишварҳои Россия, Амрико,Туркия, Дания, Чин, Непал, Шветсия, Кувайту Қазоқистон ва ғ. харидорӣ  гардиданд, ки ин аз баланд будани сатҳи касбии рассомӣ дарак медиҳад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷассуми санъати наққошӣ
Scroll to Top