Ҳунари мисгарӣ яке аз касбҳои қадимаи тоҷикон ба шумор рафта, дар байни ҳунармандони мардумии Осиёи Миёна шуҳратёр гардидааст. Яъне ҳунари мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон ба шумор рафта, ҳунари аз мис сохтани зарфҳои олоти меҳнат, лавозимоти рӯзгор, созҳои мисини мусиқӣ, ҷавоҳирот, арғумон ва дигареро дар бар мегирад.
Дар асл, маводи мис дар ҳунари мисгарӣ барои истифодабариаш хело серталаб буда, дар баробари ин ҳамчун ҳунари мустақил ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар то ҳоло маҳаллаҳои мисгарӣ вуҷуд доранд, ки баъзе маҳаллаҳоро бо номи “мисгарӣ” мешиносанд. Маъмулан ҳунари мисгарӣ дар саросари кишвари Тоҷикистон аз насл ба насл гузашта , дар бозору мағозаҳои лавозимоти рӯзгор намуди гуногуни асбобҳои мисинро дидан мумкин аст.
Бале, ҳунари мисгарӣ хело қадима буда , то ин ҷониб аз усто ба шогирд гузар намуда то имрӯз устоҳои ҳунармандони мардумӣ кору фаъолият доранд.
Ҳунармандони мардумӣ бештар аз маводи мисин асбобҳои ба монанди; карнайҳои гуногун, чойникҳо, табақчаву лаъличаҳо, деги мисин , обдаставу дастшӯякҳо, қошуқҳо ва дигар ороишоти гуногунро омода ва тайёр мекунанд.
Қобили зикр аст, ки беҳтарин яке аз дастранҷи ҳунармандони мардумӣ ин обдастаи мисин мебошад, ки дар фонди хазинавии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, таҳти қайди моликияти давлатӣ № 5330 маҳфуз буда, дар ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанд баҳри тамошобинон гузошта шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки обдастаи мисин ҷигарранг буда, он аз шона, гардана, даста, зерпоя иборат аст. Қисмати гарданаш нисбат бо шонааш бориктар буда ба монанди қубба хати барҷаста дорад. Дар шонааш се хати мудаввари барҷаста ва сарпӯшаш даврашакл, зерпояааш паҳнтар буда, дар гирдогирдаш нақшҳои ислимӣ мавҷуд мебошад. Намунаи обдастаи мисин дорои арзишҳои фарҳангию таърихӣ дошта он ба охири асри XIX ва аввали асри XX тааллуқ дорад, ки ҷолиби диққатангези тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад.
Валӣ Набизод- котиби иттилооти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”