Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пазироии меҳмонон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 12-уми инюни соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, ярмаркаи байналмиллалии савдо  “Суғд- 2025” баргузор гардид. Дар ин чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, доираҳои тиҷоративу саноатӣ ва шарикони рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд  иштирок варзиданд.

Бояд гуфт , ки чунин ярмаркаи сатҳи байналмиллалӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар рушди тақвият бахшидани иқтисодиёт, ҳамкориҳои судманд ва ҷалби сармоягузорӣ  равона гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи сафари расмии меҳмонон аз кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Россия, Белорус, Чин, Озарбойҷон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон, Британияи Кабир ва дигар кишварҳо аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  боздид ба амал оварданд.

Бале, меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихи Хуҷанд , ки таърихи зиндаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад, дидан намуданд.   Дар ин макони таърихиву фарҳангӣ , расму оин, маводҳои нодир, экспонатҳо,  дастхатҳо, муҷассамаи шоирону орифони гузаштаи миллати  тоҷик  ва урфу одати халқи тоҷик ҳифз карда  шуда, баҳри тамошобинон пешкаш карда мешавад.. Меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки дорои таъриху фарҳангӣ бою ғанӣ дорад, доир ба нигораҳои қадима роҳбаладони муассисаи мазкур таваҷҷуҳи меҳмононро аз гӯшаҳои толорҳои намоишӣ аз наздик шинос намуданд. Ҳар як толорҳои мазкур нигораҳои махсуси худро дорад, ки диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Диққати онҳо бештар  ба нигораҳои қадима, либосҳои миллӣ, санъати тасвирӣ, кандакорӣ, кундалкорӣ ва дигаре , ки ҳамаи онҳо бо расму русуми ҳамон давра нигоҳ дошта шудааст, бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар идомаи боздид меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ гузар намуда , тарзи истеҳсоли зинда аз қабили адрасбофӣ, қолинбофӣ ,дуредгари оид ба сохтани асбобҳои миллӣ ва кулолгарӣ дар замонҳои қадим нишон дода  шудааст, ошногӣ пайдо намуданд. Дидани чунин дастгоҳи дастии қадима ва асбобу анҷомҳои рӯзгори пешина барои меҳмонон хело хуш омад.

Дар фарҷоми боздид аз макони  таърихиву фарҳангӣ ба аҳли ҳайати кормандон, шахсан ба роҳбарияти муассисаи мазкур аз ҷониби меҳмонон барои чунин истиқболи гармӣ меҳмоннавозӣ арзу сипос намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПазироии меҳмонон аз макони таърихӣ
Scroll to Top