Дар фарҳангӣ форсии тоҷикӣ назар афканем, маънои “ароба” гардидан, гардуна, чархиданро ифода мекунад. Яъне маънои ароба нақлияи чархдор, ки бештар барои ҳамлу нақли бор, боркаш ба кор меравад, ки онро ҳайвонот аспу хар ё барзгов мекашонад.
Бояд гуфт, ки асосан аробаи аспӣ барои кашонидани борҳои вазнин ва одамон барои корҳои хоҷагӣ ва кишоварзӣ, баъдан ҳамчун олоти ҷангии зудрав истифода мешуд.
Зикр намуд, ки аробаро дар ҳазорсолаи III - то мелод қабилаҳои шумерӣ, яъне сокинони ҷануби Ироқ аз чӯби паҳн ё лавҳи тахтабандӣ дар болои тирҳои чор чарх сохтанд. Ин навъи аробаҳоро инчунин харҳои ромшуда тавассути тасмаҳои чармини ба гардану бинӣ ва пешонаашон баста бор мекашониданд. Ин усул чандон мусоид набуд, зеро чорпоён нафасгир шуда , дар як соат қариб то 12-15 км ҳаракат мекарданд.
Дар ҳазорсолаи II –то мелод қавмҳои ориёӣ ( порсҳо, бохтариҳо, сакоиҳо, ҳиндуориёиҳо) дар кашондани ароба аспҳоро истифода мебурданд, ки зудҳаракати ҷангии дучарха буда , дар аксари Шарқи Наздик, Миср, Ҳинд ва Чини қадим маъмул гардида буданд. Дар байни чӯби тирҳо ва қисми пеши аробаҳо аз чарми бофта истифода мекарданд, ки вазни он ва муқовиматро коҳиш медод. Баландии чарх ҳаракати тез ва барои амалиёти ҷангӣ бахусус барои тирандозӣ мувофиқ будани ароба онро ба нақлиётӣ ҷангӣ табдил доданд.
Бо мурури замон аробаҳо аз истифодаи физилот такмил ёфта, тир, девораи ҳимоявӣ ва чархҳои он аз физил, яъне аз оҳан сохта мешуданд. Дар Юнон ва Руми қадим аробаро ба ғайр аз ҷангҳо дар набарди тантанаҳои пирӯзӣ, пазироӣ ва гусели императорҳову ашрафони воломақом истифода мебурданд.
Хотиррасон намуд, ки шоири халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода дар достони безаволи худ “Ҳасани аробакаш” аз анъанаҳои назми тоҷик асаре офаридааст, ки руҳияи аспбозону аробакашони давраи гузаштагонро равшан ифода намудааст. Ҳасани аробакаш саргузашти зиндагии худро бо аспу ароба тавассути кашонидани мусофирон ё молу борҳо пеш мебурд, ки побанди аробааш будааст.
Қобили зикр аст, ки дар назди даромадгоҳи дарвозаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки чанд намуд навъи аробаҳои чӯбини дучархаи анъанавии воситаи нақлиётӣ барои боркашонӣ ва савории ,ки ба асрҳои XVIII – XIX тааллуқ доранд ва баҳри маърази тамошобинон гузошта шудаанд, ки хело ҷолиби диққати меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”