Инак, фасли тобистон ҳам фаро расид. Мавсими тобистон таъсири гармӣ ба муҳити зист ва пухта расидани тамоми меваҷотҳои ширини лаззатбахши кишвар ва фасли мухлисони гармӣ мебошад. Аммо беш аз меъёри минималӣ боло рафтани ҳарорати боду ҳаво дар ин фасли нозанин ба набототу растаниҳо ва инсонҳо бешак , таъсири манфӣ ҳам мерасонад. Пас, чӣ бояд кард, ки аз шуълаҳои сӯзони офтоб ва гармии фасли тобистон муҳити зист ва худро ҳимоя намуд?
Бале, гармии аз ҳад зиёди ҳавои тобистон ба саломатии одамон, бахусус ба набототу растаниҳои мавсимӣ таъсири худро мерасонад. Дар ин айёми гармии тобистон боғбонони ботаҷриба бо роҳбарии Абдусалом Қурбонзода- директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” саривақт расонидани ғизоҳои органикӣ ва нуриҳои минералиро рӯйи даст гирифтанд, то ки табиати зинда талафот наёбад. Манзараҳои нотакрори боғи истироҳатӣ ба худ як хоси табиати рангоранги печида дорад, ки дар талоши эмин нигоҳ доштани набототу гулу гулбуттаҳо сарукор ва заҳматҳои зиёде кашида истоданд.
Албатта , дидани гулҳои рангоранг ба кас ҳаловат мебахшид ва муҳити зистро пур аз ҳавои тоза мекунад. Чизи аз ҳама муҳим дар парвариши гулу гулбуттаҳо ин хоку об мебошад. Лек, аз сабаби таъсири гармии сӯзони фасли тобистон намемонад, ки гулҳои рангоранги мавсимӣ парвариш ёбанд. Бо вуҷуди ин новобаста аз таъсири гармии тобистон боғбонони бомаҳорат ҳамеша шабу рӯз дар талоши он ҳастанд, ки гулу растаниҳо пажмурда ва талафот наёбанд.
Дар ин мавзеи боғи фароғатӣ намудҳои гуногуни гулҳои рангоранги мавсимӣ, гулҳои садбарг, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, растаниҳои тропикиву субтропикӣ ва гиёҳҳои ороиши парвариш меёбанд.
Умедворем, ки гулу растаниҳои боғи фароғатӣ ва қалъаи таърихӣ новобаста аз таъсири боду ҳавои иқлим хуб нашъунамо ёфта ва ба як гӯшаи чаманистон табдил ёфтааст, ки ба инсон руҳу мадори тоза мебахшад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”