Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Назаре ба макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърихи миллати тоҷик гувоҳӣ воқеаҳои гуногуни давраҳои  гуногуни таърихӣ дошта , дар тӯли  ҳазорсолаҳои  худ якчанд марҳилаҳои ҳассосро аз сар гузаронидааст. Чунки инсон  гузаштаро наомӯхта , имрӯзаро фаҳмида ва ояндаро пешгӯи карда наметавонад. Аҳамияти омӯхтани таърихи халқи тоҷик аз он иборат аст,ки дар ташаккулёбии ҷавонон ва насли наврас бештар хислатҳои меҳандӯстӣ, инсондӯстӣ, маърифатпарастӣ ва  фарҳангдӯстиро ба вуҷуд меорад.

Воқеан, назаре ба макони таърихии Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки  он дорои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи таърихии Хуҷанд  буда , барои рушди таъриху фарҳанг, илму дониш ва шуғли сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як кишвар  бо таъриху фарҳанг   ва бозёфтҳои бостоншиносиаш дар ҷаҳон  машҳур мебошад. Метавон  барои мисол гуфт, ки  давлати  Туркия бо чаҳор баҳри гирду атрофашро иҳота намуда  ба оламиён маълум ва манзараҳояш диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Кишвари  Шветсария  бошад бо куҳҳои ҳамешасабзи Алп, дигаре мамолики  Миср бо аҳромҳои таърихии қадимадоштааш ба кишварҳои сайёҳӣ мубаддал гаштааст.

Зикр  намуд, ки  кишвари Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми маърифатпарвару меҳмондӯст , табиати зебои нотакрор, куҳҳои баланди  осмонбӯс,  рӯду чашмаҳои оби зулоли нуқрагинаш диққати  садҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷамъ мекунад. Бале, барои ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон  ба осорхонаи таърихи чун муассисаи фарҳангӣ ва таърихӣ барои нигоҳдории ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии  миллати тоҷик, инчунин ҳамчун маркази таълимӣ ва илмӣ , нақши амиқе дар рушди маърифат бо таърих ва фарҳанг дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки осорхонаи таърихӣ ва фарҳангӣ барои насли имрӯза ва оянда имконият медиҳад, ки ба таърих ва фарҳанги худ. инчунин ба осори дигар миллатҳо шиносоии амиқ пайдо кунад. Инчунин осорхонаи таърихи  имконияти таҳқиқоти илмиро фароҳам меоварад, ки ба донишҷӯёну  олимони ҷавон  кӯмак мекунад, ки дар бораи  таъриху фарҳанги гузаштаи  хеш маълумоти амиқ пайдо кунад ва ба онҳо замимаи таҳқиқотҳои  навро пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон,  дар  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд , барои ҳифзи арзишҳои миллӣ харидорӣ ва ҷамъоварии ашёҳои таърихию фарҳангӣ дар осорхонаи таърихӣ ва дар толорҳои намоишӣ баҳри тамошобинон  ҷой дода шудааст. Зеро ки дар фонди осорхонаи таърихӣ  барои ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ  тамоми шароитҳои  нигоҳдорӣ  фароҳам оварда шудааст. Дар қалъаи таърихӣ нигораҳо ва ашёҳои нодири қадима баъди таҳқиқу таҳлил дар толорҳои намоиши ҷойи худро ёфтааст. Кормандони шуъбаи таърих , ходимони илмии  осорхонаи таърихӣ ва шахсони масъули қалъаи таърих баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи  намунаҳои беҳтарини ашёву нигораҳои  осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва харидорӣ намуда истоданд.

Метавон  зикр намуд, ки барои ғанӣ гардонидани фонди осорхонаи таърихӣ дар соли 2025  аз ҷониби шуъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосир якчанд миқдор ашёҳои таърихӣ ҷамъоварӣ  карда шуданд. Ба монанди матоъҳои адрасу атласи дастибоф, калидҳои гуногунҳаҷм, муҳрҳои гуногуни замони шӯравӣ, лавҳ, сарпӯшҳои вилоятҳои Суғду Бадахшон ва Хатлон, мӯзичаҳои бачагона, ҳован бо кӯвакаш (уғур), тарозуи дупалла, китоби “Девони фузулӣ”-и шоир Фузулӣ ва дигаре  ашёҳои таърихиро харидорӣ намуданд.

Инчунин дар  ин  раванд  метавон  гуфт, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Гафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Литсейҳои касбӣ- техникии шаҳри Хуҷанд борҳо аз ин макони таърихиву фарҳангӣ аз осорҳои гузашти миллати куҳанбунёди  тоҷик шинос гардиданд.

Маврид  ба  зикр аст, ки  дар навбати худ донишҷӯёни  донишкадаҳои  болозикршуда  дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд  барои ғанӣ гардонидани илму дониш ҳамчун таҷрибаомӯз ,  малакаи раванди  такмили ихтисос  ва истеҳсолиро  аз худ менамоянд. Маҳз ҳамин таҷриба андӯхтан минбаъд дар фаъолияти ҷодаи омодасозии  мутахассисони соҳибунвон  замимаи устувореро эҷод  мекунад.

Мусаллам  аст, ки осорхонаи таърихӣ чун макони  нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  ва барои ташаккули хештаншиносӣ, маърифат ва илм  ба кормандони муассисаи мазкур имконият медиҳад, ки ба наслҳои оянда бо эътибори барҷаста  таърих ва фарҳанги миллати тоҷикро пешкаш намоем.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНазаре ба макони таърихӣ
Scroll to Top