
Дар асл, ҳунари кулолгарӣ санъатест, ки маводҳои он бо воситаи пухта шудани лой ва бо иловаи нуриҳои минераливу дигар пайвастагиҳои ғайриорганикӣ ба даст оварда мешаванд, ки онҳоро ҳунармандони мардумӣ истифода мебаранд. Чуноне ки аз қадимулайём ба ҳамагон маълум аст, хоку об дар ҳаёти инсоният мавқеи асосиро доро мебошад. Хок пеш аз ҳама яке аз унсурҳои асосии пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин буда, дар ҳунари кулолгарӣ маводи аввалини табии хок ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки анъанаҳои истеҳсоли ҳунари кулолгарӣ дар шаҳру навоиҳои кишвар ҳоло дар амал ба ин ҳунарӣ қадима кам ба даст мезананд. Сабабаш дар он ки бо пайдоиши маҳсулоти пластикии яккарата маҳсулоти кулолгарӣ қариб қимати худро гум кардааст. Чунки бо сабаби арзон будани маҳсулоти пластикӣ маҳсулоти қимати истеҳсолнамудаи кулолгарӣ камхаридор шудааст. Ба ин нигоҳ накарда истеҳсоли кулолгарӣ ҳунармандони мардумӣ дар марҳилаҳои таърихи худ ҳама давраҳо пешрафти худро аз сар гузаронида аз кулолгарии хонагӣ то истеҳсолоти замонавӣ омада расидааст.
Метавон изҳор дошт, ки дар қисмати шимолу шарқии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бунёди ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ асосан мансубият ба табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд бо эҳё ва бунёди намудани анъанаҳои қадимаи аҳолинишинии шаҳри Хуҷанд буд, ки имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Яке аз ин ҳавлии кулолгарӣ мебошад, ки ҳунармандони боистеъдод аксарияташон аз сафи ҷавонон мебошад. Онҳо идомабахши ҳунари қадима буда бо усули коркарди гилу об анъанаҳои қадимаи ашёҳои рӯзгордор бо истеҳсоли зарфҳои сафолӣ машғуланд.
Дар толори намоиши бостоншиносии “Ёдгориҳои таърихии мавзеъи миёнаобии Фарғона- Сирдарё”- и Қалъаи таърихии Хуҷанд, косаи сафолин , ки тааллуқ ба асрҳои VI-III п.а.м. аз ноҳияи Ашт пайдо шуда ( зери шиша ) таҳти қайди давлатиаш № 4236 ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Косаи сафолин аз гил сохта шуда, дохилаш гирдоварда шуда, қисматҳои беруна ва болояш сир додашуда ва бо пасманзара тасвир ёфтааст.
Бале, таҷрибаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳунари аслии корӣ кулолгарӣ бо якҷоягии истеҳсолоти саноатӣ, касбӣ ва эҷодии мардумӣ дар нигоҳдошти анъанаҳои фарҳанги тоҷикон нақши асосиро мебозад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МФТ МД “Қалъаи Хуҷанд”