Туҳфа, ҳадя, инъом, барги сабз яке аз воситаҳои ибрози рози меҳру муҳаббати байни инсонҳо мебошад. Шояд мо одат карда бошем, ки дар рӯзҳои махсус, яъне зодрӯз, ҷашни тӯйи ё маросимҳои ҷашнӣ ба дӯстону наздикон бо туҳфае дили онҳоро шод карда бошем. Фикр мекунам, ки набояд ин тавр бошад?
Бале, туҳфаи аз дасти шахси наздик ҳадя гирифтан муносибатро боз ҳам мустаҳкам ва дӯстиро қавитар мегардонад. Бахусус, модарону ҳоҳарон ва бонувони азиз гирифтани туҳфаи ногаҳониро хело хуб ақаллан як дастагулро меписанданд. Пӯшида нест, ки гоҳе муаммое пеш меояд, ки чӣ гуна туҳфаҳо ҳадя кунем, кадомаш маъқул бошад, шояд - саволе пайдо шавад? Ба ҳадяи холис андоза, ҳаҷм, қимат, миқдор ва намуди зоҳирии он муҳим нест. Ҳар чӣ ҳаст вай туҳфа ном бурда мешавад , бигзор сухани ширини самимии муборакбодӣ бошад.
Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”якчанд нуқтаҳои фуруши туҳфаҳои арғумонӣ барои тақдим намудани маводҳои қиматаш гуногуни миллӣ барои сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешкаш карда шудааст. Гоҳе мушоҳидаҳо ба чашм мерасад, ки асосан меҳмонони хориҷӣ бештар ба туҳфаҳои майдаи миллӣ, ки қиматаш фарқ надорад бо худ мебаранд, ки муҳим эътибор аст. Онҳо ба дӯстону наздикони худ бозичаҳои миллӣ, табақчаҳои ҳачмаш гуногуни сафолин бо нақшу нигори миллӣ, дастбандҳои аз сангсохташуда, ҳайкалчаҳои зебои дастгир, гарданбанд, чалла, зарфҳои қаҳванӯши ба монанди онҳо харидорӣ мекунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки туҳфа новобаста аз арзишу қимат ва ҳаҷму намудаш, муҳимтар аз ҳама рози меҳру муҳаббат ва саломатии азизон аст, зеро ки арғумон- ҳадяи самимии ногаҳонӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намешавад.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”