
(Бахшида ба 01 июн “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон)
Ҳамасола, санаи 01-уми июн дар саросари ҷаҳон , Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қайд карда мешавад, ки ин тадбир ба хотири таъмини ҳаёти хушбахтонаи кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ҷашн гирифта мешавад.
Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як фарди комил, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо ҳамин асос санаи 01- уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи байналмиллии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 67 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмиллалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардида буд.
Зикр намуд, ки кӯдакон ояндаи миллат буда, ғамхорӣ ва ҳимояи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта дар моддаи 34 –уми Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳбин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим , маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”
Ин санаи муборак ба падару модарону аҳли калонсолон ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон фароҳам овардани шароити хуб оид ба таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба зиндагии оянда тарбия намоем. Аввалан бояд онҳоро дӯст дошт ва меҳру муҳаббати худро ба вуҷуди поки кӯдакон ҷой карда тавонист.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, такягоҳи падару модар, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат мебошад. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як хонавода хушбахтиву иқболи умед меорад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷаҳон бо қабули якчанд санадҳои байналмиллалӣ , аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигаре барои ҳифзи инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти омории хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар оилаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад. Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавтӣ кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта қариб ду маротиба зиёд аст, ки аз таълиму тарбияӣ муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд.
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон аз замони ибтидоии давраи истиқлоли давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, Конвенсияи созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар санадҳои байналмилаллиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқарароти онҳо мутобиқ намудааст. Зеро ки Тоҷикистон тибқи Конситутсияи худ давлатӣ иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон аз ҷумла гуруҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад.
Инчунин ҳамаи кӯдакони кишвари Тоҷикистон узви соҳибҳуқуқии ҷомеа буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд. Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон , бахусус кӯдакони маъюб оид ба нигоҳбину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз тадбирҳо андешида шудаанд. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари Тоҷикистон бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таъмини умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Аммо дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои судманд аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир намудани қонуншиканӣ ва ҷиноят ба назар мерасад. Аксарияти ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати назорати сустии падару модар ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат ба марказҳои дилхушӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои қонуни қабулшудаи Ҳукумати Тоҷикистон ин “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳамин аст, ки дар баробари давлату ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд .
Дар кишвари Тоҷикистони маҳбуб ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдакон, фароҳам овардани шароит барои таҳсил аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмантарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар метавонанд ба зиндагии фарзандон хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои оромиву озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд аз мо падару модарон ва калонсолони пири хирад вобастагии калон дорад.
Яъне онҳоро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ,таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ ва тарбияи ахлоқу рафтори ҳамидаи инсонӣ тарбия намоем. Ин нишонаи он аст, ки ба ояндаи дурахшони кӯдакону наврасон пойдевори мустаҳками зиндагӣ хоҳад гузошт.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”