Санаи 25-уми майи соли 2025 бахшида ба муносибати фаъолияти ҷашнии 25- солагии ширкати мобилии ТСЕЛЛ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” солгарди худро таҷлил менамояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ширкати мобилии ТСЕЛЛ аз рӯзи оғози фаъолияти тиҷоратии хеш барои расидан то ба қуллаҳои баланди оператори рақобатпазирии бозори мухибироти кишвар расидааст. Ин буд, ки беҳтарин роҳҳои ҳалталабро бо таҳаммулпазирӣ пушти сар намуда ва имрӯз дар ҳалқаи муштариёни худ дар боғи истироҳатӣ сазовор ҷашн мегирад.
Дар ҳақиқат ширкати мобилии ТСЕЛЛ ҳар миҷози худро қадр мекунад, ки бахшида ба ин санаи фархунда барномаи ҷадиди консертӣ бо иштироки гуруҳи дастаи санъаткорон ва супоридани туҳфаҳо ва мукофоти асосӣ- Автомобил “AION”, инчунин 5000МБ барои насби замимаи МУ ТСЕЛЛ бо бозиҳои шавқовар ва дигар чизҳоро ба бозӣ гузоштааст, ки хело мухлисону миҷозони худро сарҷамъ овард.
Ин иқдоми нек ба ифтихори 25-умин солгарди фаъолияташ дар саросари Кишвари Тоҷикистон сурат мегирад, ки аз он муштариён ба бурдаҳои хотирмон сазовор мегарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Боғи фарҳангию фароғатӣ ба хотири фароҳамсозии фазои боҳаловати равонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо вазидани насими форами шукуфоии идона ҷилои тозаеро, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунад.
Ба хотири барномаҳои васеъи фарҳангӣ дар фазои гарми шодиву хурсандии истироҳаткунандагон боғи истироҳатӣ дарҳои худро ба рӯи шаҳрвандон ва меҳмонон ҳамеша боз мекунад, ки ҷиҳати беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғатӣ хизмат хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки дар ҳақиқат ширкати мобилии ТСЕЛЛ бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахши рушди иқтисодиёт ва технологияи муосир қарор дорад, ки дар ҷодаи фаъолияти меҳнатиашон бурдбориҳо таманно менамоем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”