Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар оғӯши фаввора

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар тӯли асрҳо инсон ҳамеша мекӯшид, ки шукуҳу шаҳомати импулси табиатро дигаргун ва зеб гардонад. Яъне, фаввора обе мебошад, ки зери фишори баланди муҳаррики обӣ  обро ба боло ҳавола мекунад, сипас об бо суръати шадид парвоз  ва  гардиш мекунад.

Инсон дар ҳаёти  худ бисёр тарҳҳои шабеҳро таҳия намудааст, ки барои ороиши ҳаёти худ онро ба иди хурсанди табдил  додааст. Бо одамоне кам вохӯрдан мумкин аст, ки ба ҷараёнҳои зебои об ва ҳаракатҳои мавзуни он, ҷилои об зери офтоб чун тирукамон, парвози босуръат, афтиданҳои зебо ва тамоси тар ба замин бепарво бошад.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими аввали фасли тобистон меъёри ҳарорати  гармӣ  хуруҷ мекунад , ки инсон барои истироҳат як роҳи таваққуф кардани бадан ва оромии ақлро пеша мегирад.  Барои он ки руҳи инсон ғизо бигирад ва аз тӯфони зиндагӣ оромӣ пайдо кунад, рӯи алаф хобидан , садои шӯриши обро гӯш кардан ё зери сояи дарахтон сайру гашт намудан бо майли хотир ба  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  меояд.  Яъне истироҳат ва сайру гашт  дар боғи фароғатӣ ба кас қувват мебахшад ва  назди фаввораҳои оби ҷараён  нафаси тоза мекашид, фикру мулоҳиза намуданро дӯст медорад.

Пас, чӣ тавр  ин ҳаловатро барои истироҳаткунандагон пешниҳод ё эҷод  кард ?  Дар асл,  фаввораҳо  бо тавассути муҳаррикҳои зери фишори об ба дастгоҳ дода мешаванд, ки ин раванди механикӣ дар ҳолати корӣ   ҳамеша такрор меёбад. Барои такрори самти фаъолияти  муҳаррики обӣ қувваи барқӣ шиддатнокиаш баланд ва мутахассиси обу ташноб зарур аст, ки таъмини обро  мунтазам аз фаввораҳо бо суръати баланд берун кунад.

Маҳз, самараи талоши пешбурди баҳри  созандагию ободонӣ мутахассисони  шуъбаи хоҷагии техникии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” басо назаррас  буда,  бахусус муҳандисони обу ташноби шуъбаи мазкур Султонов Муъминҷон ва Ҳайдаров  Бахтиёр, ки барои таъмин намудани талаботи реҷаи кории фаввораҳои боғи истироҳатӣ ҳамеша саргарми кору фаъолият ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки ба кайфияти истироҳаткунандагон хастагиву асабонӣ  дар назди фаввораҳои пурҷӯшу хурӯш нишастан,  садои ғулғуладор ба инсон  эҳсосоти  илҳоми тоза ва ба ҷисму ҷонаш  таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин робита ба иҷрои саривақтии тозагӣ , ороишӣ, фаввораҳои боғи фароғатӣ ва маводҳое, ки барои истеҳсоли фаввораҳо истифода мешаванд, мутахассисони обу ташноб  ҳамеша дар оғӯши фаввораҳо ҳастанд, то ки он аз ҷӯш намонад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар оғӯши фаввора
Scroll to Top