Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маҳалла- макони муқаддас

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “маҳалла” аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш қитъае аз шаҳр, ки аз чанд кӯча иборат аст ё гузар, кӯй ҳам мегӯянд, ифода мекунад.

Бале, маҳалла маскани муқаддас буда, дар он тамоми арзишҳои инсонӣ инкишоф меёбад ва ҳамчун макони сарпаноҳи ибратбахш дониста мешавад. Дигаре бошад, баҳри рушд ёфтани маҳалла амин ё сардори маҳалла аз тарафи мардум интихоб ва таъин мекунанд, ки фаъолияти онҳо танҳо ба оромию устувории сокинони маҳалла вобастагӣ дорад.Ин гуна шахсони  масъул паҳлӯ ба паҳлӯи мардум истода, баҳри рушди иқтисодиёт, дастгирии ҷомеа, муаммоҳои пешомада, оромии зиндагӣ ва беҳбуди зисти мардумон хидмат мекунанд.Шояд саволе пайдо шавад, ки  ба интихоби сардор ё раиси  маҳалла кӣ қодир аст?. Он мардуми маҳалла, шахсеро интихоб мекунанд, ки ин вазифаи пурмасъулиятро ба дӯши худ гирад, пеш аз ҳама кордону ташаббускор,ботаҳаммул, равоншинос, дилёбу мардумдӯст бошад. Зеро ки бо чунин хислатҳои ҳамида ӯ наметавонад бо мардум сару кор ва дар  байни мардум шуҳратёр гардида бошад. Ӯ  ҳамеша бо мардум дар мулоқот , обод ва тоза намудани маҳалла, риоя намудани урфу одатҳо, анъана ва танзиму маросимҳо, дарду ташвишҳои мардуми маҳалларо бояд, сари вақт ҳал намояд.

Қобили зикр аст , ки мардуми Хуҷандшаҳр маҳаллаҳоро бо номгузориаш  ба монанди тӯппидӯзон, бофанда, заргарон, сари баланд, таги чинор,қӯшҳавз, марғзорак, Бешкаппа, Эшони Шайдо, Хоҷа Камол ва ғ. мешинохтанд, ки то имрӯз мардум бо чунин номҳои  маҳалла  ифтихор мекунанд.

Ибтикоре дигар аст, ки дар қисми шимолу шарқии Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,  бунёди ҳашт ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии шаҳри Хуҷанди қадима, аз ҷониби мутахассисон, лоиҳашон ва сохтмончиён бо санъати ороиши чун мероси ниёгон бо решаҳои фарҳангии халқи тоҷик пайванд  аст, сохта ба истифода дода шуданд.

Ин ҳавлиҳои намуди қадимадошта бо маводи табиӣ, аз ҷумла бо лою гилу саг ва чӯб  сохта, дарвозаҳо, сутунпояҳо ва сақфи хонаҳо пурра кандакорӣ ва гаҷкорӣ карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки   ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ба монанди бо номи ҳавлии тоҷир, наққошӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ,дӯзандагӣ, оҳангарӣ ва сангтарошӣ  ҷойгир карда  шудааст, ки бо эҷоди ҳунарҳои дастӣ ҳунармандони чирадаст машғули кор ҳастанд.

Бале, ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъати миллӣ буда, ҳамеша бо ҳаёти инсон зиҷ алоқамандӣ дорад, ки ҳунармандон бо василаи тасвири эҷодӣ ҳисси зебопарастии халқи тоҷикро таҷассум ва эҳё мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар замонҳои пеш дар ҳар маҳалла ҳавзу ҷӯйбори обгузар,чойхона, сартарошхона, гармоба, нонвойхона мавҷуд буд, ки   аҳли маҳалла ба  чойхонаи сари гузар ба хотири дидорбинӣ сари як пиёла чой ва дамгирӣ мебаромаданд.  Истифода аз ин  дар якҷоягӣ раисони маҳалла бо фаъолону ташаббускорон  барои ривоҷи тадбиркорӣ,  ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани маҳалла, ҳал намудани муаммоҳои ҷойдошта кӯшиш менамуданд ,то ки он макони муқаддас  орому осуда  бошанд .

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаҳалла- макони муқаддас
Scroll to Top