Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташаккули нашрияҳо дар замони Истиқлолият

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмии «Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ» баргузор гардид. Ба кори конфронс директори муассиса Ф.Насриддинов оғоз бахшида, меҳмононро бо аҳли маҷлис шинос намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Н.А. ба сухан баромада, аз дастовардҳои илмиву адабии замони Истиқлолият ёдовар гардида, нақши маҷаллаву фаслномаҳоро дар инъикоси масоили худшиносии миллӣ таъкид доштанд.

«Ахбор»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси дастовардҳои адабпажӯҳони тоҷик»-дар ин мавзӯъ Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ номзади илмҳои филологӣ, дабири масъули «Ахбор»-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ намуданд.

Ҳамчунин Н.Ғиёсов номзади илмҳои филологӣ, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбор»-и ДДҲБСТ зери мавзӯи «Баррасии дастовардҳои филологии нашрияҳои илмии вилояти Суғд», ва «Нақши маҷаллаи «Адаб» дар ташаккули илму фарҳанги даврони Истиқлол» -Шодӣ Шокирзода - номзади илмҳои филологӣ, сардабири маҷалла гузоришҳои худро перомуни самтҳои фаъолияти маҷаллаҳои илмӣ-адабӣ ироа карданд.

Толиб Карими Озарахш-сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» оиди «Саҳми «Паёми Суғд» дар инъикоси назму насри муосири тоҷик» ва Ф.Насриддинов - доктори илмҳои филологӣ доир ба «Фаслномаи илмӣ-адабии «Камоли Хуҷандӣ» ва таҷассуми тозатарҳи илму адаби тоҷик» суханронӣ намуданд.

Дар конфронс олимону адибон, муҳаққиқон, сармуҳаррирони муҳимтарин маҷаллаҳо ва кормандони муассисаҳои фарҳангӣ иштирок доштанд.

Муҳаққиқони варзидаи кишвар, олимон ва адибон дар мавриди мӯҳтаво ва мундариҷаи нашрияҳои даврони Истиқлолият изҳори назар намуданд. Дар ҷамъбасти конфронс масъулони маҷаллаҳои илмӣ ва муҳаққиқони ҷавон бо ҳадяҳои Раиси вилоят қадршиносӣ гардиданд.

Ҳадафи конфронс аз инъикоси ғамхориҳои давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт дар мисоли маҷаллаву фаслномаҳои илмии кишвар ва таъкиди саҳми нашрияҳои мазкур дар ташаккули худшиносии миллӣ иборат буд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашаккули нашрияҳо дар замони Истиқлолият
Scroll to Top