
Дар бешазор ду тӯтӣ яке пиру дигаре ҷавон дар шохи дарахт нишаста бо тоза намудани пару бол гӯш ба овози нағмасароии парандагоне, ки аз дур садо медоданд, кайфият ба худ бардошт мекарданд. Дар ҳолати оромии муҳити беша тӯтии пир ба сухан даромада гуфт:- Замоне ки ман ҷавон будам чунон садои фораму дилнавозе доштам, ки ҳамаи парандагон ба овози ман ҳавас мекарданд, аммо сад афсӯс ки синну солам калон шуду аз он садову нағмасароиям танҳо хастагию хирагии овоз боқӣ намондаасту халос. Лек ,ман садоямро эҳтиёт мекунам, баҳудаву беҳуда овоз бароварда тавоноӣ ва қувватамро сарф намекунам- гуфт бо ҳозирҷавоби тӯтии ҷавон.
Товусе, ки дар гирду атрофи дарахтон гашту гузор ва хазонҳоро поймол намуда ин тараф он тараф ҳаво медоду ба суҳбати парандаҳо гӯш меандохт. Товус андаке сукут кард ва худро як такон доду сарашро боло карда ба тӯтии пиронсол суол кард?- Чаро ту дар ҷавоният сурудхонӣ мекардӣ, вале имрӯз мебинам, ки сахт афсӯс хӯрда истодаӣ? Не ҳаргиз?- гуфт тӯтӣ баръакс он замон ман ба парандагони бешазор хушҳолӣ бо завқи баланд нағмасарои мекардам ва ҳамагон маро дӯст медоштанд. Товус як қоматашро рост карду парҳояшро боло бардошта ба тӯтии ҷавон рӯ оварда гуфт:- Ана шунидӣ хушбахтӣ дар куҷост, ки дили ҳамагонро шоду масрур ва ба дигарон эҳсоси хурсандӣ бахшидан аст. Тӯтии ҷавон пас аз шунидани чунин суханони таъсирнок тамоми вуҷудаш ба ларза даромаду дигар тоқат накард болу пар заду ба боло парвоз карда бо тамоми ҳастияш ҷӯшу хурӯш садо баровард, ки тамоми бешазор ҷарангос кард.
Андарз: Азизон, ҳама кор дар ҷавони мезебад, ба монанди илм гирифтан, сафар намудан, боғ кушодан, хона пӯшидан, оиладор шудан, падару модар агар дар ҳаёт ҳастанд хизмат намудан, ҳиматбаландиро пеша гирифтан, хайру эҳсон намудан ва ғайра. Яъне , инсон дар дунё бо тамоми ҳастияш бояд зиндагиро пеша гирад. Агар инсон зиндагиро дӯст надорад , ба ҳастиву нестияш шукргузор бошад, ба пастию баландиаш тоқат накунад, беғайрату танбал , мудом хилват нишини ва тавоноиву ҷавониамро эҳтиёт мекунам гӯяд, пас зиндагӣ ноаён аз паҳлӯяш чун сояи абри гузар парвозкунон тез мегузарад. Дар айёми пирӣ бошад, саҳифаҳои хотироти хушиҳои зиндагӣ боқӣ нахоҳад монд. Ҳазрати Ҷалолидини Румӣ мефармоянд:
Бирав бар хизмати пири муғонӣ,
Бикун тоат ба ҳангоми ҷавонӣ.
Ба пирӣ қуввати тоат намонад,
Ва ё қобиз туро фурсат намонад.
Пас, эй ҷавонони азиз фурсати умрро ғанимат шуморед, ҳамеша дар саҳнаи зиндагӣ чолоку рустамона қадам занед , зиндагиро дӯст доред ва эҷодкору ободкор бошед ,то ки дар айёми ҷавонӣ аз зиндагӣ лаззат бубаред.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”