Санаи 26- апрели соли 2025 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Сайри гули лола” баргузор гардида буд.
Дар ин ҳамоиши ҷоизасупории мазкур аз рӯи 10 намуди номитатсия ба монанди “гулпарварии беҳтарин”, “ гулгашт ва хиёбон”, “боғи фарҳангию фароғатӣ”, ва дигаре муайян шуда буданд. Барои иштирок ба ғолибони озмуни “Сайри гули лола” бо Шоҳҷоизаи ( Гран- при) дипломҳои дараҷаи I, II , III , ки шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муссиса ва дигар ташкилотҳо, ки дар баргузории озмун фаъол ва пешбини гардида буданд.
Хурсандиовар аст , ки дар ин ҳамоиши чорабинии озмуни “Сайри гули лола”, сарбаландона Абдусалом Қурбонзода- директрои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд “ иштирок намуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз ҷониби комиссисяи чумҳуриявӣ, баъди натиҷабардори барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Сайри гули лола”, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ насиби ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи II- ум ва мукофотпулӣ ба ҳаҷми 7000- сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Мақсади баргузории ин озмуни мазкур вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, созандагӣ, ҳамзамон ҷиҳати равнақ бахшидани зебопарасии муҳити зист, қадршиносии таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ интихоби композитсия ва дизайн дар мавзъҳои гулпарварӣ, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ равона гардида буд.
Ёдовар шуд, ки мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба яке аз гулзорҳоии беканори табии бузург мубаддал гаштааст, ки бо гулҳои рангоранги тирукамонаш дар самти дӯст доштани табиати нотакрор инсонро ҳидоят намуда, фарҳанги зебопарастиро ташвиқу тарғиб менамояд.
Валӣ Набизод- маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”