Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Раҳматов Раҳимбой — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба 80 - солагии Ғалаба дар Ҷангӣ Бузургӣ Ватанӣ)

Раҳматов Раҳимбой яке аз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи таърихии Тоҷикистон мебошад, ки бо ҷасорату матонати худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) иштирок карда, ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардидааст.

Раҳимбой Раҳматов 1 июли соли 1906 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Ленинобод (ҳоло ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Ӯ аз оилаи деҳқон буда, пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ба кори деҳқонӣ ва баъдан ба корҳои дуредгарӣ машғул шудааст.

Соли 1939 Раҳматов ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда буд. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хати ҷабҳа раҳсипор гашта ҳамчун сарбоз ва баъдан пулемётчии полки 47-уми гвардия, ки шомили дивизияи 15-уми гвардияи тирандозӣ буд, дар муҳорибаҳои шадиди солҳои 1944–1945 фаъолона иштирок дошт.

Моҳи январи соли 1945 Раҳматов Раҳимбой бо яке аз корнамоиҳои ҷовидонаи худ ҳангоми убур аз дарёи Одер, дар ин муҳориба чандин сарбози душманро нобуд сохт ва ҳатто баъд аз ҷароҳат бардоштан, бо як даст муборизаро идома дод.

Бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 июни соли 1945, Раҳимбой Раҳматов барои корнамоиҳои бесобиқа ва шуҷоати бемисл бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Ӯ ҳамчунин бо ордени Ленин, медали Ситораи Тиллоӣ, ва баъдтар бо Ордени Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дараҷаи I қадршиносӣ гардид.

Пас аз анҷоми ҷанг, Раҳматов ба зодгоҳаш баргашта, дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) зиндагӣ кардааст.

Раҳимбой Раҳматов рӯзи 12 феврали соли 1990 дар синни 83-солагӣ дар зодгоҳаш аз олам даргузашт ва дар деҳаи Шайхбурҳон ба хок супурда шуд.

Ҳоло дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор дорем ва ҳамагон вазифадор ҳастем, ки ҳаёту рӯзгори қаҳрамонону диловарони миллатамонро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем ва барои пос доштани хотири Раҳматов Раҳибой яке аз кӯчаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ном ин фарзанди далери Ватан гузошта шудааст.

Имрӯз номи Раҳматов бо ифтихор дар таърихи  сабт гардидааст. Ӯ на танҳо қаҳрамони ҷанг, балки намунаи олии ватандӯстӣ, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Шовазир Муродҷонӣ - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРаҳматов Раҳимбой — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Scroll to Top