Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иштироки корманди осорхона дар тренинги байналмилалӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Баҳри ҷалб намудани мутахассисон ба илми археоботаника ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар Институти Геоантрополигияи ба номи Макс Планки Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз санаи 24 марти соли ҷорӣ семинар таҳти унвони “Семинари амалӣ оид ба археоботаника ва бостоншиносии экологӣ дар Осиёи Марказӣ” гузаронида шуд. Дар семинар донишҷӯёни ҷавони соҳаҳои бостоншиносӣ ва археоботаника аз кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, Чехия ва Бритониёи Кабир ширкат варзиданд. Дар қатори онҳо корманди илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд - Маҳмудов Н. низ иштирок намуданд.

Семинар 5 рӯз идома ёфта, дар он олимони варзидаи институти мазкур Роберт Шпенглер, Басира Мирмаҳмад, Драгана Филипович, Иминг Ванг лексияҳо ва дарсҳои амалӣ гузарониданд. Инчунин аз тарафи иштирокчиён низ маърӯзаҳо шунида шуд. Дар қатори дигар ширкаткунандагон Маҳмудов Нурулло дар мавзӯи “Таҷрибаи бостоншиносӣ: мушоҳидаҳо, дониш ва тавсияҳо” маърӯза намуда, аз таҷрибаи худ дар рафти экспедитсияҳои бостоншиносӣ сухан намуданд.


Дар охир ширкаткунандагони семинар миннатдории худро ба ташкилкунандагони он баён намуда, изҳор доштанд, ки бо шарофати ин семинар метавонанд дар оянда барои пешбурди илми археоботаника ҳамкории худро байни муассисаҳои худ ва институти Макс Планк ба роҳ монанд.

Саидова Дилором - корманди илмии
шӯъбаи таърихии Осорхонаи таърихии
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИштироки корманди осорхона дар тренинги байналмилалӣ
Scroll to Top