
(Бахшида ба 80 – солагии Ғалаба дар Ҷангӣ Бузургӣ Ватанӣ)
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) яке аз рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи таърихи инсоният буда, дар он намояндагони миллатҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳо Якибов Ӯрунбек мебошад, ки бо қаҳрамониаш дар муҳорибаҳо унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ”-ро соҳиб шуд. Якибов Ӯрунбек соли 1917 дар деҳаи Яхтан (ҳоло ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Ӯ баъдтар ба сафи Артиши Сурх ҷалб гардида, дар ҷангҳои шадид бар зидди Германияи фашистӣ ширкат варзидааст.
Ӯрунбек Якибов бо қаҳрамонии худ дар муҳорибаҳои муҳими фронти ҷанубӣ, аз ҷумла ҳангоми убур аз дарёи Днепр дар моҳи сентябри соли 1943 шӯҳрат ёфт. Тибқи манобеъ, шаби 26–27 сентябр гурӯҳи ӯ аввалин шуда дарёи Днепрро убур намуда, мавқеъҳои душманро бо миномёт таҳти оташ гирифтанд. Дар ҷараёни се рӯзи мубориза, Якибов Ӯрунбек 15 маротиба ҳамлаи душманонро баргардонд ва шахсан панҷ сарбози фашистиро нобуд кард. Барои ин шуҷоат, ӯ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордени Ленин сарфароз гардонда шуд (22 феврали 1944).
Пас аз ҷанг Якибов Ӯрунбек ба ватан баргашта, дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Ӯ мактаби олии ҳизбиро хатм намуда, дар соҳаи саноат, ҳамчун директори корхонаи шишасозӣ ва пойгоҳи ангишт дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) фаъолият кардааст.
Ӯ 8 марти соли 1989 вафот карда, дар оромгоҳи шаҳри Душанбе дафн шудааст. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад. Омӯхтани зиндагиномаи чунин шахсиятҳо барои наслҳои имрӯзу фардо аҳамияти тарбиявӣ ва таърихӣ дорад.
Муродҷони Шовазир - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"