Бале, ҳунари бофтани гилемҳои дастӣ пур аз нақшу нигораҳои садсола , пеш аз рӯзгори мардуми тоҷик арзу вуҷуд доштааст. Аз замонҳои гузашта қолинҳоро ҳамчун яке аз туҳфаҳои арзандаи қимматбаҳои асосӣ ном бурда, дар маросимҳои навхонадоршавии фарзандон, кӯчидан ба манзили нав, партофтани зери қудуми меҳмонони олиқадр ё дар ҷашнҳои иду айёми рӯзи таваллуд ҳадя мекарданд, ки то ҳоло ин анъанаи нек идома дорад.
Қобили зикр аст, ки қолинҳои ҳунармандони мардумӣ пур аз садрангу нигор дошта на танҳо кошонаи сокинонро ҷилову хушрӯй, балки бо доштани сифати баланди касбӣ ва зебогии хос харидорони зиёде дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар қисмати ҷанубии ҳудуди қалъаи таърихи растаҳои фурӯши маводу маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ мавҷуд аст, ки яке аз инҳо фурӯши қолинҳои дастабофӣ мебошад. Ҳунармандони мардумии гилембофӣ маҳсули корӣ дастии худро ба намоиш гузошта барои меҳмонон ва сайёҳон пешкаш менамоянд.
Албатта, ҳар як меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба вилояти Суғд, бахусус ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф мефармоянд, аввалин ҷое ки диққати онҳоро бештар ба худ ҷалб мекунад, ин Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Диққати онҳоро бинои боҳашамати қалъаи таърихӣ нақшу нигор, толорҳои намоишӣ беш аз ҳама чойхонаи Қалъаи Хуҷанд ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ бо андозаву гилкориаш ба ҳайрат мегузорад. Масалан, яке аз намунаҳои ҳавлии ҳунармандони мардумӣ тарзи истеҳсоли гилембофӣ, ки хело маъмултар ва харидорони зиёде дорад, ки ҳунармандони касбӣ кору фаъолият доранд. Қолинҳо бо тарзи дастӣ бофта мешаванд, ки муаррифгарӣ фарҳангу тамаддун, ҷиҳози ороишии нақшу нигори анъанаҳои қадимаи зебопарастии халқи тоҷикро инъикос менамояд. Дар фарогирии ҳавлии қолинбофӣ ашё ва асбобҳои истеҳсолӣ дигар ҳеҷ чизи зиёдатиро дида намешавад. Ҳавлии анъанавии тоҷикона на фақат дар ҳавлии қолинбофӣ, балки дар ҳама намунаҳои ҳавлии ҳунармандон, ки бо тамоми ашёву лавозимотҳои рӯзгори таърихӣ ҷиҳозонида шуда ба маърази тамошобинон гузошта шудааст, хело диққатҷалбкунанда мебошад. Ин гӯшаи эҳёи қадимаи нотакрор таъриху фарҳангӣ шаҳри Хуҷанди бостониро бо ҳунари ниёгони худ касб намуда, сокинонону меҳмонон ва сайёҳони хориҷиву дохилиро аз бозгӯи тамаддуни миллати тоҷик муаррифӣ менамояд.
Ёдовар шуд, ки комбинати қолинбофии “Қайроққум”- и шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд, зиёда аз 60 сол инҷониб дар замони шӯравӣ бунёд гардида, то имрӯз мунтазам кору фаъолият дорад. Метавон гуфт , ки дар замони муосир ширкатҳои мухталифи истеҳсолии қолинбофӣ шуҳратёр гардида бошад ҳам, лек ҳунари гилембофии дастӣ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошанд, чунки қолинҳо зеби кошона ҳастанд.
Валӣ Набизод - котиби
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”