Китобро дар ҳама давру замон чун сармояи хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва ҷамъи алфози накӯ, ки инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад, шинохтаву мешиносанд.
Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам китоб аст ва маҳз китоб аст, ки дар ҳаёти инсон нақши омӯзгори ҳақиқиро дорад. Аз ин хотир шоир мефармояд:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озорн нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғиб ва тарвиҷи китобу китобхонӣ ва ҷамъу нигаҳдошти китобҳои нодир, ки як гӯшаи таърихи миллат ва хотираи миллии миллати бузурги мо ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса менамоянд. Бо дарки ин нукта ҳам сиёсати фарҳангсолори Пешвои муаззами миллат ба ин самт ҷараён дорад ва далели боризи ин сиёсат он ки ҳамасола дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” харидорӣ ва нигаҳдошти анбӯҳе бузург аз китобҳои хаттиву чопи сангӣ, ки имрӯз ба ҳайси намунаҳои аввалин китобҳои нашршудаи ниёгони мо ба ҳисоб меравад, мебошад.
Дар ин росто кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ баҳри ғанӣ гардонидани маъхази ин даргоҳи таърихӣ маводҳову ашёҳоро аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ карда истодаанд.
Аз ҷумла, шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри муассиса китобҳои нодир, ки ба асрҳои гуногун мутааллиқ аст, ҷамъоварӣ намудаанд. Дар баробари ба даст овардани нусхаҳои нодирӣ хаттӣ ба харидорӣ ва ҷамъоварии нусхаҳои чопи сангӣ низ иқдом намудаем. Дар ин мақола асосан дар бораи нусхаҳои чопи сангӣ маълумот дода мешавад, ки дар осорхона ба чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад, миқдори умумии онҳо чӣ қадар аст, қадимтарин нусхаи чопи сангӣ кадом аст.
Чопи сангӣ як намуди чопи мусаттаҳ аст, ки дар он аз санги мармар ба ҷои ҳуруф истифода мешавад. Барои ин кор ибтидо навишта ё тасвирро рӯйи санг мармар ҳак мезананд ва сипас барои барҷаста кардан он аз маводи махсуси кимиёӣ истифода мебурданд.
Пас аз он ин тасвир ва ё ҳуруфро рӯйи қоғаз ба чоп мерасонанд. Чопи сангӣ ба унвони чопи литографӣ низ ёд мешавад.
Ин навъи равиши чоп аввалин бор дар соли 1796 дар баъзе маълумотҳо соли 1798 тавассути як овозхони олмонӣ Алоис Зенефелдер ихтироъ гардид. Тибқи маълумот, ӯ дар рӯзи боронӣ ҳангоми сайру гашт дар санги тар ё оҳаксанг барги часпидаро мушоҳида кардааст. Ин мушоҳида ба ӯ идеяи бозсозии осорҳоро аз санг дод. Аз сабаби набудани малакаи расмкашӣ навозандаи варзида кӯшиш мекард, ки ин усулро барои нусхабардории нотаҳо истифода барад. Ӯ соли 1806 нахустин устухонаи литографиро дар Олмон шаҳри Мюнхен таъсис намуд. Минбаъд ин намуди устохонаҳо соли 1816 дар Париж ва Санкт-Петербург, соли 1822 дар Лондон низ таъсис ёфтанд.
Дар Осиёи Миёна аввалин устохонаи литографӣ дар Хева соли 1874 ташкил шуда буд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳо солҳои 30-уми асри XX чопи сангӣ ба чопи офсетӣ иваз гардид.
Бо вуҷуди аз байн рафтани ин намуди чоп, то ҳол нусхаҳои он дар осорхонаҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешавад. Аз ҷумла дар Осорхонаи таърихи вилоятии Суғд зиёда аз 300 адад нусхаҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки ба асрҳои мухталиф тааллуқ дорад. Барои мисол маълумоти чанде аз онҳоро рӯи қоғаз меорем.
“Ахлоқи мӯҳсинӣ” таҳти рақами 4563. Муаллифи асар Мулло Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, соли 1902 дар матбааи номии Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба табъ расидааст. Асар фарогири ҳикояҳову достонҳои тарбиявӣ буда, ба тариқи насри омехта бо назм навишта шудааст. Китоб аз 204 саҳифа иборат аст ва саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Забони асар форсӣ буда, дар баъзе саҳифаҳо ҳошия дида мешавад, ки дар он тавзеҳоти ибораҳову ҷумлаҳои матн омадааст. Андозааш 16,5х25,5 см. буда, матни он дар ҳар саҳифа 19 сатрӣ аст. Ҳолати умумии китоб хуб мебошад.
“Девон”-и Туғрали Аҳрорӣ таҳти рақами 4332. Девони мазкур аз 288 саҳифа иборат мебошад ва соли 1334/1916 дар Эрон ба табъ расидааст. Китоб фарогири 309 ғазал, 9 мухаммас, 3 мусаддас, 1 тарҷеъбанд, 10 қасида, 1 соқинома, 1 таркиббанд, 2 қитъа ва 1 маснавӣ мебошад. Китоб бо забони форсӣ таълиф шуда, андозааш 13х22,5 см. ташкил медиҳад. Дар ҳар саҳифа 14 сатрӣ матн китобат гардидааст. Китоб комил буда, саҳифаҳои афтода надорад. Муқоваи китоб бо ранги ҷигарӣ ороиш ёфтааст.
“Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ таҳти рақами 110/1. Девон соли 1299/1882 дар Мумбай ба табъ расидааст. Китоб фарогири 570 ғазал, 5 таркиббанд, 1 тарҷеъбанд, 2 соқинома, 1 маснавӣ, 30 қитъа ва 76 рубоӣ мебошад. Он аз 368 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Ҳолати китоб хуб аст ва танҳо чанд саҳифаи фарсуда дорад. Андозааш 18х28 см. мебошад ва матн дар ҳар саҳифа 19 сатрӣ аст. Ранги муқова сабз ва он бо туранҷу сартуранҷ ороиш ёфтааст.
Ҳаммонанди инҳо дар осорхона девонҳои чопи сангии Алишери Навоӣ таҳти рақамҳои 4573, 1325, 3503, 4369, 4489, 4547, девони Урфии Шерозӣ таҳти рақами 4581, девони Мирзо Абдулқодири Бедил таҳти рақамҳои 4353, 4546, 1870, 4436, девони Ҳоф изи Шерозӣ таҳта рақамҳои 4380, 4325, 4538, 4300, 110/1, 3199, 4599, 4525, 4467, девони Шамси Табрезӣ таҳти рақами 3940, куллиёти Шайх Саъдии Шерозӣ таҳти рақамҳои 4435, 4314, 4044, куллиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳти рақамҳои 4301, 1853, 1075, 4042, 4172 ва ғ. нигаҳдорӣ мешавад. Аз таърихномаҳову маноқибҳо “Маноқиб”-и Ҳазрати Ғафс-ул-аъзам таҳти рақами 4615, “Таърихи Наршахӣ” таҳти рақами 4321, “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад Ҷарири Табариро метавон зикр кард, ки таҳти рақами 4562 нигаҳдорӣ мешавад.
Барои нигаҳдории ин китобҳо аз тарафи муассиса ҷевонҳои махсуси китоб харидорӣ карда шудааст, ки новобаста аз боду ҳаво гармиву сардӣ китобҳоро дар ҳарорати муайян нигоҳ медорад.
Ҳамчунин, дар рафти омӯзиши ин осор аз тарафи собиқ корманди шӯъбаи дастхатҳо феҳристи нусхаҳои чопи сангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо номи “Муаррифии китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” ба табъ расид, ки барои алоқамандони ин соҳа хеле муфид мебошад.
Дар оянда мо низ тасмим гирифтем ҳарчи бештар барои ҷамъоварии ин осори гаронбаҳои ниёгонамон кӯшиш ба харҷ дода онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Бойматова Мавҷуда – корманди илмии шуъбаи
дастхатхо ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”