Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гулпарвари беҳтарин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 18-уми апрели соли 2025 дар мақомоти давлатии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, давраи ҷамъбасти озмуни Фестивали вилоятии “Гулпарвари беҳтарин” ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбасти озмуни   Фестивали вилоятии гулҳо, таҳти унвони “ Сайригули лола”, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,  роҳбарони ташкилоту идораҳо ва намояндагони муассисаҳои шаҳру вилоят суханронӣ ва  иштирок намуданд. 

Зикр намуд, ки  озмуни ҷамъбасти  фестивали мазкур зиёда аз  рӯи  8 номинатсия баргузор гардид. Аз ҷумла,  дар номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин” барои иштироки фаъолона дар Фестивали вилоятии гулҳо, таҳти унвони “Сайри гули лола”, Абдусалом Курбонзода -  директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”, саҳми арзанда дар рушди фарҳанги зебопарастӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ бо дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар номинатсияи “Боғи  фарҳангӣ фароғатӣ”- Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов бо туҳфаи мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.

Баргузории чунин озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, кабудизоркунӣ, ободонӣ ва хуррами муҳити зист, бедор намудани муҳаббати  меҳмонону шаҳрвандони диёр ба гулпарварӣ, ҳифз намудани мероси табиӣ, дар самти дӯст доштани табиат ва зебопарастии мардум мусоидат мекунад.

Ёдовар шуд, ки гулҳои рангоранги мавсимӣ, ки дар боғи истироҳатӣ аз ҷониби боғбонони чирадаст ва бо сарварии гулпарвари моҳир Абдусалом Қурбонзода шинонида шуданд, маҳз заҳмати парвариши гулҳои мавсимӣ ин рамзӣ зебогиву ҳусни назокат ба инсон бахшида мешавад.

Бо ифтихори том аҳли кормандони муассисаи мазкур бори дигар бо ин сазовор гаштани ҷоизаи арзанда ба ҳамагон тансиҳатӣ ва дар оянда бо заҳмати корҳои ободонӣ ва ноил гаштан ба қуллаҳои мурод муваффақиятҳо таманно дорем.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГулпарвари беҳтарин
Scroll to Top