Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оши палов - султони таомҳо

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба “Фарҳанги забони тоҷикӣ” назар афканем, калимаи “ош” ҳар хӯроке, ки дар дег пухта мешавад, ифода ёфтааст. Аммо дар забони  адабӣ ва ҳам гуфтугӯи вожаи “ош” ба маънои палов мавриди истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки оши палов як навъи таоми анъанавиест, ки дар байни мардуми тоҷикон маҳбубияти хоса пайдо намудааст. Одатан ҳамаи ҷашну маросимҳо ва чорабиниҳои   идонаву тӯйи бе пухтани оши палов намегузарад.  Оши палов боиси афзудани эътибори меҳмонон ва дастурхони маросимҳо  буда, дар саросари кишвари Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он маъмул буда  ва равишҳои гуногуни пухтупази хосе  дорад.

Оши палов имрӯзҳо дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озорбойҷон ва дигар кишварҳои олам паҳн гаштааст ва маъмулан сокинони халқҳои ин кишварҳо даъво доранд, ки ватани  оши палов сарзамини онҳо бошад. Аммо мо тоҷикон перомуни ин масъала ба ҳикмати халқ такя намуда мегӯем, ки ватани оши палов ҳамон ҷоест, ки “паловхӯрон” ҳастанд, зодгоҳи палов бошад, сарзамини ориёиёну суғдиён мебошанд.

Қобили зикр аст, ки оши палов ба ҳайси таоми суннатии тоҷикон як навъи унсури фарҳангсоз ва муттаҳидкунандаи мардум буда, соли 2016 дар Ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО  оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, расман дар феҳрести мазкур сабт гардидааст. Ин дастоварди фарҳангиёни кишвари маҳбуб боиси ифтихор буда, аз миллати фарҳангофар будани  миллати тоҷикон  гувоҳӣ медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки вақте  ба манзили тоҷикон меҳмон меояд, баъди  андаке   нишасти суҳбат кардан аз ҷониби кадбонуи хонавода ҳатман  сари дастурхон оши палов меоранд. Қайд намуд, ки дар тӯли асрҳо  байни мардуми тоҷикон намуди оши палов ба монанди оши палови баргитокӣ, палови оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, оши як ба як, оши биҳигин, сурхпалов, оши пӯстдунбадор, оши сафед, оши уйғурӣ, оши самарқандӣ, бедонапалов ва ғайраро  дар бар мегирад. Имрӯзҳо метавон дар Хуҷанди бостонӣ  аз ҷониби ошпазҳои моҳир муштариёни зиёдеро ба ном ошхонаву чойхонаҳо  ,”Маркази оши палов”,”оши чойхонаи “Сир-дарё”,“оши як ба як”, “оши Абдусалом”, “оши таги Чинор”,”оши кӯчаи Дӯстӣ” ва дигаре, ки бо ному истилоҳи нав оши палови пухтаи худро муаррифӣ ва миҷозон бо номаш  мешиносанд.  Лек, аз нигоҳи макони густариши оши палов баъзе навъҳои палов бо номи маҳдуд аз шаҳр ва вилоят  ва берун аз ҷумҳурӣ  шуҳрат пайдо намудааст, ки боиси ифтихори миллати тоҷикон мебошад.

Қобили зикр аст, ки оши палов таомест, ки мардумро новобаста аз мансубияти динӣ, касбу кор,тавоноӣ, дороӣ, синну сол, ҷинсият дар гирди дастурхони суннатӣ ва  чорабиниҳои миллию маросимӣ муттаҳид месозад. Дигаре бошад, дар байни мардуми тоҷик ибораи “оши оштӣ”, ки шахсони бо ҳам қаҳриро аҳли калонсолон сари дастурхон ба миён даромада онҳоро оштӣ мекунонанд. Пас, маълум мегардад, ки баъди истеъмоли оши оштӣ бо ҳам дӯсту бародар мегарданд.

Бале, мардуми тоҷик оши паловро ҳамчун таоми муқаддаси миллии худ мешуморанд, то ҳатто ҳар касе, ки оши палови дигаронро хӯрад, бояд то чил сол эҳтироми он шахсро пос дорад. Дигаре бошад, дар байни ҷавонон анъана шудааст, ки бо истилоҳи “оши харифона” ё ҷамъомадҳои “гапхурӣ” маъмул мебошад, ки мунтазам ҳафтае ё моҳе як маротиба ҷамъ омада оши палов тайёр ва фурсатҳои тӯлонӣ суҳбат мекунанд.

Мувофиқи одобу русуми тоҷикона дар болои кати барҳаво шахсони калонсолон бо чойнӯшии суҳбати дӯстона, дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва амалӣ”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, мусаввараи андозааш бузурги акси табақи оши палов дар дасти ҷавони пешхизмат гузошта шудааст.

Ёдовар шуд, ки бахшида ба Наврӯзи байналмилалии-2025, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба чорабинии наврӯзӣ иштирок ва аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд  гузар намуда буданд.  Мусаввараи мазкур аз ҷониби Абдураҳим Ҷабборов- академикаи академияи  мусавварони Тоҷикистон ва Абдуқаюм Хокиёров- рассом, аъзои иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст, ки  қобили ситоиш гардид.

Валӣ Набизод - котиби
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООши палов - султони таомҳо
Scroll to Top