Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тоқӣ- ҷузъи либоси миллии тоҷикон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, тоқӣ ё тӯппӣ яке аз навъҳои маъмулии  ҷузъи либоси миллии  сарпӯши  тоҷикон ба шумор меравад. Тоқиҳои тоҷикона дар шаклу андозаҳои гуногуни чаҳоркунҷа, гирд, махрут аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ дӯхта шуда, аз лиҳози ороиш бо намудҳои тӯсӣ, чустӣ, ироқӣ, фарғонагӣ, зардӯзӣ, кӯлобӣ, раштӣ, бадахшонӣ, пӯпакдор, чакан ва бахмалӣ ҷудо мешаванд. Тоқӣ аз тора, гирда, абра, астар ҷияк иборат мебошад. Мувофиқи шароити зисти маҳалл, табъи одамон ва дар натиҷаи ривоҷу равнақи санъати ҳунармандӣ ба вуҷуд омадааст. Асосан нақшҳои маъмултарини сатҳи тоқиҳо боли фаришагон, бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алов, гулҳои садбаргу лола, ки ҳар яке ба худ рамзи вижагӣ дорад. Нақшҳои ҳамаи тоқиҳои гуногун маҳсули  дасти бонувони ҳунарманди тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳунармандони мардумӣ тоқиҳоро аз лиҳози шаклу намуд ва компазитсия  яъне ба ду гуруҳ  тоқиҳои тагпаҳни ҳамвори паст  ва тоқиҳои баландгумбаз  ҷудо мекунанд.

Маъмулан дар ҷануби кишвари Тоҷикистон тоқии мудаввар ва гунбазшакл, дар шимоли Тоҷикистон тоқии чоркунҷа мепӯшанд. Агар ба таърихи куҳан назар афканем, дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳр бо номи Тӯс ном дошт, ҳоло бошад бо номи Чуст машҳур аст, ки дар замони шӯравӣ истеҳсолкунандаи асосии тоқӣ бо номи “чуст”-и ном бароварда буд. Аз рӯи нишондоди мутахассисони соҳа , соле то 500 ҳазор намуди тоқӣ ба бозор мебароварданд.

Ҳоло бошад, дар шимоли Тоҷикистон танҳо шаҳри Истаравшан ҳунармандони мардумӣ  тоқиҳои монанд ба тоқиҳои чустӣ ва ироқии чоркунҷаи сатҳаш ҳамвор дошта, нақшҳои чоркалид ва тарҳи гулдаста медӯзанд. Инчунин илова бар ин тоқии зардӯзии Бухорои  мудаввари чоркунҷа медӯзанд, ки дар саросари Тоҷикистон паҳн гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар толори намоишии “Санъати тасвири ва ҳунарҳои амалӣ”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” , дар зершиша  якчанд намунаҳои тоқиҳои миллии тоҷиконаро  баҳри тамошобинон маҳфуз гузошта шудааст, ки ҳар як тоқӣ ба худ таърихӣ куҳан дорад.

Албатта, калонсолони солхӯрда дар ёд доранд, ки пиру барно дар тӯю маросимҳои фотеҳа, ҳатто дар сари дастурхони ғизохӯрӣ  ҳатман сарпӯш мепӯшиданд, ки тоқипӯшӣ ҳикмату фалсафаи худро дорад.Ҳоло мутассифона бо мурури замон тоқипӯшӣ хело кам ба назар мерасад. Дур шудан аз фарҳангӣ тоқипӯшӣ на танҳо дар шаҳр, балки дар деҳоту қишлоқҷой низ ба мушоҳида ба чашм мерасад. Агар мабодо дар саратон тоқиро бинанд, ҳатман гумон мекунанд, ки касе аз авлоду хешу табор гузашта бошад ё тинҷӣ ҳастед- гӯён пурсиш мекунанд.

Бале, зикр намудан ба маврид аст, ки фарҳангӣ қадимаи миллии тоҷикон ҳоло аз байн нарафтааст, ки борҳо дар тӯю сур ба сари соҳибҷашн пӯшонидани ҷомаву тоқии миллӣ ва бастани рӯймолро дидаем. Гузаштагон мегуфтанд, ки дар чунин рӯзҳои хушу гуворо маъноҳои хосе ба худаш доштааст, ки тоқӣ- давлати сар, ҷома- гардонидани дарду офатҳою балоҳо ва миёнбанд- камари ҳиммати мардро бозгӯ мекардааст. Ба ҷузъ ин ҳангоми ба қабристон бурдани майити мард  ба болои тобут ҷома, тоқӣ ва миёнбанди нав мепӯшониданд, ки баъди ба хок супоридани марҳум бозгашт ба манзил ҷома, тоқӣ ва рӯймолро мебурданд. Ин одати эҳтирому иззат  будааст, ки шахси азизи худро то сари қабр бо ҷомаву тоқӣ мебаранд, яъне бо давлати сар ба дунёи боқӣ реҳлат карда бошад.

Бале, ҳамагон аз таъриху фарҳангӣ тамаддуни миллати тоҷик огоҳ ҳастанд, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар соҳиби куоҳ ва сарпӯҳо буданд.Зеро ки агар ба “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ назар афканем, ниёгони қадими халқи тоҷик дар гузашта чанд навъ кулоҳро болои сар карданд: кулоҳи хисравонӣ, яъне тоҷ, кулоҳи вазирон, кулоҳи махсуси сарлашкарон, ки  фарқ мекард аз кулоҳи сарбозону ҷанговарон ва аз кулоҳи мардуми одӣ.

       Чунин гуфт, ки –оини тахту кулоҳ,

        Каюмарс овард, к-ӯ буд шоҳ.

Аз ин байти безаволи Фирдавсӣ бар меояд, ки кулоҳу кулолдорӣ дар ҳаёти мардумӣ ориёӣ ҳануз аз аҳди Каюмарс- нахустин инсон роиҷ будааст.

Вали Набизод - котиби
иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТоқӣ- ҷузъи либоси миллии тоҷикон
Scroll to Top