Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Марди ҳимматбаланд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сокини  деҳаи  Пахтакори  вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон,  Ойбек Ҷумабеков  азм намудааст, ки  дар тӯли душабонарӯз ба шаҳри Хуҷанд бо пуррагӣ машғули кори хайру савобро ҳамчун ба ҳайси ҳиссагузор,  бахусус дар боғи фарҳангию фароғатӣ гузаронад.

Абдусалом Қурбонзода- директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи  фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ин ҷавони ҳимматбаланд бо қадамҳои нек ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ , ки бо нияти хайру савоб баҳри ободиву тозагӣ кӯмак намудан, изҳори қаноатмандӣ намуда, ӯро ба гуруҳи боғбонон ҳамроҳ намуда, чун намунаи ибратбахш  ситоиши аҳсан хонд.

Дар асл, агар ба фарҳанги тоҷикӣ назар афканем, саховатмандӣ маънои – сахӣ, саховатпеша, дасткушод, марди босаховатро ифода мекунад.

Бале, мардум одатан шахсони саховатманду дасткушоду ҳимматбаландро  дӯст медоранд ва онҳоро  иззату эҳтиром мекунанд. Дар воқеъ, солҳои охир аз ҷониби ҷавонони тақводору соҳибхирад ва соҳибкорон ва нафарони саховатманд баҳри  корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд кӯмак мерасонанд,  бештар ба чашм мерасад.  Месазад чанд сухан аз  шахсиятҳои саховатмандон ки кам нестанд дар бораи  марди ҳимматбаланд  Ойбек Ҷумабеков гуфта бошем. Гарчанде ӯ сокини кишвари  Ҷумҳурии Узбекистон бошад , ҳам барои саҳм ва обод кардани  як  гӯшаи нотакрори табиати зиндаи  кишвари маҳбубамон дар қатори дигар ҳимматбаландон талош меварзад.

Зикр намуд, ки саховатмандӣ сифат ё фазилатест, ки омодагии озодона ба дигарон додан ё мубодила карданро дар бар мегирад, ки  дар  он руҳи меҳрубонӣ, кушодадилӣ ва фидокорӣ ҳис карда мешавад. Яъне, саховатмандӣ метавонад таъсири пурпечутоби меҳрубонӣ ва иродаи некро ба вуҷуд оварад ва ба дигарон илҳом бубахшад.

Ойбек Ҷумабеков  иброз дошт, ки  ман ҳамчун соҳибкор дар кишвари худ, ки дар деҳаи Пахтакори вилояти Ҷиззах  зиндагӣ мекунам , соҳиби шаш фарзанд  мебошам.  Дирӯз ман дар кишвари Ҷумҳурии Қирғистон будам , дар ҳамон ҷо ҳам ду шабонарӯз ба кори хайру савоб  вобаста будам ва тасмим гирифтам, ки дар кишвари Тоҷикистон, бахусус шаҳри Хуҷанд бо кори хайру савоб машғул шавам. Аз ростӣ баъди пахши мустақими телевизони шабакаҳои умум сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон, ки дар Қалъаи таърихии Хуҷанд ҷамъ омаданд, маро сахт ҳаяҷон ва илҳоми тоза бахшид. Бигзор робитаи дӯстиву бародарӣ, ки аз азал вуҷуд  дошт, ҳамеша боқӣ бимонад.

Дар идомаи суҳбат гуфт, ки ман ҳамчун соҳибкор кору фаъолият мебарам, дар деҳаи худамон роҳҳоро асфалпӯш ва дар мактаби таҳсилоти умум барои мактаббачаҳо як варзишгоҳи кӯчак ҳам бошад,  сохта ба истифода додам. Инчунин  барои бунёди ҷанозахонаи қабристони маҳалла, ки  хеле фарсуда ва ба таъмир ниёз дошт, маблағи заруриро ҷамъ намуда тариқи ҳашар ба анҷом расонидем, ки аз чунин ранг гирифтани кор аҳли маҳалла ҳама хушҳол гаштанд.

Мақсаду мароми ман омадан ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар он аст, ки чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, санаи 31 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Қирғистон, муҳтарам  Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон , муҳтарам  Шавкат Мирзиёев мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ҷашни Наврӯзи байналмилалии- 2025 ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд , ки дар Қалъаи таърихии Хуҷанд , чорабинии тантанавии идона  баргузор гардида , ҳамагонро шод намуданд.

Ҳамзамон  ӯ  гуфт, ки дӯстию бародарии миллатҳои тоҷику узбек ва қирғиз таърихӣ куҳан доранд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросимҳо хело  ба ҳамдигар хело наздиканд. Дигаре бошад, дар тӯли асрҳо дар як минтақа зиндагӣ карда, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои худро бо ҳам омехта карда робитаи хешу табори доранд.

Қаҳрамони мо яке аз зумраи марди ҳимматбаланд аст, ки дар олами саховатманди онҳоро ба монанди калиди Худо ташбеҳ  медиҳанд. Яъне як хислати аломатӣ  он аст, ки шахси саховатманд  маънои онро дорад, ки тамаъкор нест ва дар ӯ фурӯтанӣ ва хоксориро дида мешавад.

Ман ин амалҳоро ба хотири худнамои не, балки  бо мақсади пешрафти рафоқату дӯстӣ анҷом медиҳам. Мехоҳам сафи ҷавонони саховатманди  кишварамон зиёд ва рафту омади бародарӣ  идома дода шаванд. Агар ҳамаи мо дар пешрафти  кишварамон  саҳми кӯчаки худро гузорем ободу зебо мегардад, ки кумаки беғаразонаи  худро дареғ надорем- гуфт дар идомаи суҳбат Ойбек Ҷумабеков.

Албатта, чунин шахсони саховатманд дар  кишвари азизамон  ва дар дигар минтақаҳо дида мешаванд , ки сафи чунин шахсони ҳимматбаланд , дар иҷрои амалҳои хайру савоб намунаи ибратанд.

Валӣ Набизод- котиби
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМарди ҳимматбаланд
Scroll to Top