Шоми санаи 03 апрели соли 2025 бо сафари расмӣ ҳайати гуруҳи меҳмонон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия муҳтарам, Минниханов Рустам Нургалиевич ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар доираи ҳошияи сафари корӣ ҳайати гуруҳи меҳмонони воломақомро муовини раиси вилояти Суғд Анвар Якубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар намояндагони шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, аз макони таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ аз рӯи суннати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмонони олимақомро , Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов истиқбол намуда бо таҷлили фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод ва хайру мақдам гуфт.
Сипас, аз саҳнаи қалъаи таърихӣ Мутрибахон Мамадҷонова - роҳбалади муассисаи мазкур ҳайати меҳмононро гарму самимӣ пешвоз гирифта, аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри тамошо гузаронид.
Зимни сайри тамошо меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ дидан намуда бо таъриху тамаддуни бойи нотакрори ҳунармандони мардумӣ ба монанди наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди чӯб, гаҷкорӣ, санъати тасвирӣ, ки анъанаҳои мардумии қадимаро бо маҳорати баланди эҷодӣ таҳия ва аз осори таърихӣ гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудааст,ошно гардиданд.
Дар лаҳзаҳои сайри тамошо аз толорҳои намоишӣ , таваҷҷуҳи меҳмононро деворанигорӣ барҷастаи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон- шукуҳи Истиқлоли Тоҷикистон”-ро бо услуби барҷастанигорӣ аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ офарида шудааст, бештар ба худ ҷалб намуд.
Баъди шиносоӣ аз толорҳои қалъаи таърихӣ меҳмонон аз намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба амсоли ҳавлии наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, ҳаммому ҳавлии адибон бо сарҳавз , ки рукни маҳалладориро ташкил медиҳад ва инчунин чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”, ки ба ин мавзеъи таърихӣ шукуҳи зебоиро бештар мебахшад ва аз санъати нотакрори тасвирии миллати тоҷик далолат мекунад, шинос гардиданд.
Дар идомабахши сайри тамошо меҳмонон аз растаҳои намоишии ҳунармандони мардумӣ гузар намуданд, ки аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ ва дар доираҳои гуногуни аҳли ҳунар бо намунаҳои гуногуни маҳсули дасти ҳунармандон, косибон ва ширкатҳои мухталиф маҳсулотҳои хешро манзур намуданд, аз наздик шинос шуданд.
Ёдовар шуд, ки дар қисмати ҷанубии қалъаи таърихӣ мутобиқ ба талаботи замони имрӯза растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ба монанди сангтарошӣ, кулолгарӣ, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, арғумонҳо ва асбобҳои созҳои миллии мусиқӣ ба фурӯш гузошта шуданд, ки қобили ситоиш гардид.
Дар қисмати ҷамъбастии сайри намоиш баҳри меҳмонони олиқадр дар саҳнаи қалъаи таърихӣ аз ҷониби чирадасти бонувони ҳунарманди мардумӣ намоиши либосҳои миллии тоҷикона муаррифӣ карда шуд, ки ба зебогии ин макони таърихию фарҳангӣ шукуҳу шаҳомати бештар зам намуд.
Валӣ Набизод- котиби
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”