Санаи 03 апрели соли 2025 ҳайати гуруҳи меҳмонон таҳти сарварии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия, муҳтарам Зяббаров Марат Азатович аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидор ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи осорхонаи таърихӣ ҳайати гуруҳи меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сониян, Мирзоева Иноятхон- роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии “ Толори эллинистӣ”, “ Ҳаёти одамони асри санг”,”Давраи фузулӣ” ва ғ., ки таъриху тамаддуни халқи тоҷикро дар осорхонаи таърихӣ инъикос мекунад, маълумоти бештар дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар идомаи намоиш илова бар ин дар осорхонаи таърихӣ қасрҳои муҳташам, сутунҳо, ки дар таҳти Ҷамшед қомат афрохтааст, ҳамчун нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I диққати меҳмононро бештар ба худ ҷалб намуд.
Роҳбалади мазкур доир ба нигораҳои таърихӣ , ашёҳои нодири рӯзгори гузаштаи халқи тоҷик, ки перомуни пурифтихорӣ муаррифгарӣ таърихи куҳан ба маърази тамошобинон гузошта шудааст, шинос намуд. Диққати меҳмононро ҳайкали Темурмалик- қаҳрамони халқи тоҷик дар шафати саҳнаи осорхонаи таърихӣ қомат афрохтааст, нигарон намуд.
Дар идомаи боздид аз осорхонаи таърихӣ меҳмонон таассуроти ҳосилшударо дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” соядаст гузоштанд.
Дар фарҷоми намоиш лаҳзаҳои дидори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои меҳмонон хело писанд ва дилчаспу хотирмон воқеъ монд,ки арзу сипоси хешро баён намуданд.
Валӣ Набизод- котиби
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”