Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Густариши равобити боздид аз макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 1– уми апрели соли 2025 бо сафари расмии ҳайати гурӯҳи меҳмонон бо сарварии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон ва намояндагони рушди сайёҳии ва фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, қаблан ба чорабинии фарҳангии Наврӯзи байналмиллалӣ иштирок варзида буданд, аз макони таърихию фарҳангии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Ҳайати гурӯҳи меҳмононро дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ Омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С  пешвоз ва бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуд.

Сипас, меҳмононро Мирзоева И. - роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида аз ашёҳои нодири қадимаи халқи тоҷик, санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, ки анъанаҳои бозгашти эҷодиёти миллати тоҷикро инъикос мекунад, шинос намуд.

Дар идомаи сайри илмӣ аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба монанди ҳавлии наққошӣ, дуредгарӣ кулолгарӣ ва ғ., ҳунари аҷдодиро бо маҳорати шаклу андозаи асри гузаштаро дар худ таҷассум мекунад, ошно гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дидор аз чунин макони таърихӣ яке аз лаҳзаҳои пурифтихорӣ байни миллатҳо барои равобити  дӯстиву бародарӣ тақвият хоҳад бахшид,ки меҳмонон барои меҳмоннавозӣ изҳори  арзу сипос намуданд.

Муродҷони Шовазир – роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГустариши равобити боздид аз макони таърихӣ
Scroll to Top