Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Осорхона махзани фарҳанги миллӣ»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори ҷашни 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар толори Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона махзани фарҳанги миллӣ» доир гардид. Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ба кори конфронс оғоз бахшида, ҳамагонро бо иштирокдорон шинос намуданд. Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд мӯҳтарама Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров, Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Шарифзода Шариф Файз, намояндаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Темурзода Бахтовар, ҳамчунин олимону адибон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳои фарҳанг, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, намояндагони иттифоқҳои касаба, собиқадорон ва кормандони Осорхонаи таърихии вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини Раиси вилояти Суғд мӯҳтарама Ғаффорӣ Назира Абдуллозода ба сухан баромада, қайд намуданд, ки “Осорхона оинаест, ки дар он таъриху тамаддуни куҳани мо таҷассум ёфтааст. Осорхона метавонад барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки тоҷиконро бозгӯ менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки мақсади асосии мо аз рӯй овардан ба таърихи куҳани аҷдодӣ, ҳидоят намудани насли имрӯзу фардои тоҷик ба хештаншиносиву худогоҳии миллист. Зеро танҳо шахсе метавонад дар ободии Ватани худ бикӯшад, ки аз таъриху фарҳанги миллати хеш огоҳӣ дошта бошад”.

Сипас муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров О.О. ба сухан баромада, аз таърихи таъсиси осорхона ва хизматҳои Мирзохоҷа Собиров, ки дар асоси бозёфтҳои он кас Осорхонаи таърихии вилояти Суғд асос ёфтааст, ёдовар гардиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Ш.Ф. ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки осорхона аз зумраи муассисаҳоест, ки туфайли он бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик ошноӣ пайдо менамоянд.

Дар қисмати илмии конфронс омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов дар мавзӯи “Осорхона-оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, аз дирӯзу имрӯз ва роҳҳои тайкардаи осорхона ёдовар гардиданд.

Мирбобоев А.К.-доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи археология ва этнографияи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Тадқиқотҳои археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа”, Темурзода Б.-мутахассиси пешбари шӯъбаи сиккашиносӣ ва бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон перомуни “Коллексияи таърихии Акрам полвон Аскаров дар Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия” андешаҳояшонро баён намуданд.

Маърӯзаи навбати аз ҷониби Файзуллоев М. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Осорхона ва осорхонашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Соли 2016 ба таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 90-сол пур мешавад. Боиси хурсандист, ки Қарори Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз 7.03.2016 таҳти №121 “Дар бораи таҷлили 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор ҳайати кумитаи тадорукот таъин ва нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, онҳо басо назаррас иҷро гардиданд.

Дар ин радиф нашри маҷмӯаи «Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд» пас аз танаффуси 52 сола (Барориши 1, соли 1964) аз нав барои ҳаводорони таърих, фарҳанг ва санъати халқи тоҷик ва осори он аз рӯи маводҳои осорхонаи мазкур ба муносибати 90-солагии Осорхонаи вилоятамон нашр шуд ва ба иштирокдорон пешниҳод гардид.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Осорхона махзани фарҳанги миллӣ»
Scroll to Top