Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯстӣ ҷовидон бимонад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бузургтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ кишвари Тоҷикистон якеаш таърихию фарҳангии миллӣ буда, омили муҳимест, ки қавму миллатҳо ва дигар  кишварҳоро бо ҳам мепайвандад.

Ба ин хотир,  санаи 16 марти соли 2025  бо сафари расмӣ ҳайати гурӯҳи меҳмонони Ҷумҳ урии Қирғизистон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар доираи ҳошияи сафари расмӣ меҳмонон аз макони таърихию фарҳангии  Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд, ки бо нону намак пазироӣ карда шуд.

Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ, шахсан ҳайати гуруҳи меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва истиқбол намуд. Сипас, меҳмононро  Мирзоева Иноятхон- роҳбалади  дараҷаи олии муасисаи мазкур сайри илмӣ гузаронида аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ бо санъати тасвирӣ ва маводҳои нодиру  экспонатҳою  ашёҳои  қадимаи  таърихию фарҳангии ниёгон, ки  баҳри тамошобинон маҳфуз  гузошта шуданд, шинос намуд.

Зикр намуд, ки дар идомаи сайри илмӣ  меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ , ки ба макони илму таърихию фарҳангии мубаддал гаштааст , ҳар бинандаро бо  санъати боҳашамати тасвирӣ ва меъмории бузурги миллати тоҷик ба ҳайрат мегузорад , хело  диққатҷалбкунанда буд.

Меҳмонон аз толорҳои намоишӣ  гузар намуданд  , ки ҳар якеи онҳо  аз давраҳои гуногуни замони худ,  эҷодиёти миллати тоҷик то давраи истиқлоли кишварро дар бар мегирад ,маълумоти бештар гирифтанд.

Дар идомабахши сайри тамошо аз макони таърихӣ ҳайати меҳмонон аз намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба монанди наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, сангтарошӣ  ва дигаре бо тарзи зисти гузаштагон  бо эҳёи  ҳунарҳои аҷдодӣ машғул ҳастанд, аз наздик  дидан намуданд. Он ашёҳои рӯзгори қадимаи таърихии ниёгон тарзи рӯзгордорӣ, санъати меъморӣ, урфу анъанаҳо, кандакорӣ ва нақшунигор , ки ҳамаи онҳо бо расму русуми ҳамон давра нигоҳ дошта шудаанд, диққати меҳмононро ба худ  ҷалб намуд.

Дар ҳавлии тоҷир ба хотири муаррифии фарҳангу тамаддун, тарзи меҳмоннавозӣ, ороиши сари дастурхони рӯйи сандалӣ, тарзи намунаи либосҳои миллии  дар замонҳои гузашта бо ороиш ва ҷиҳози қадимаи анъанаҳои нек ва зебопарастии халқи тоҷикро таҷассум менамояд, хело писанди меҳмонон гардид.

Воқеан, ин иқдоми неки боздид аз чунин  макони муқаддаси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар замони замонашавии равобити дӯстиву бародарӣ бисёр муҳим  мебошад, ки бигзор байни ду кишвар ҳамеша  дӯсти ҷовидон бимонад.

Қобили зикр аст, ки дӯстию  рафоқат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии ду миллат буда , арзишҳои муқаддаси миллӣ  қалбҳоро бо ҳам мепайвандад.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон ба кулли кормандон ва шахсан ба роҳбарияти муассисаи мазкур барои чунин навозиши  иззату эҳтироми меҳмоннавозии бародарона   изҳори миннатдорӣ намуданд.

Валӣ Набизод- котиби
иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯстӣ ҷовидон бимонад
Scroll to Top