Санаи 30-январи соли 2025, бахшида ба рӯзи таҷлили ҷашни иди Сада, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар шафати назди майдони Театри давлатии маҳзака- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ярмаркаи фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо доир гардид.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ вилояти Суғд ва шахсони алоҳида ниҳолҳои хушсифат ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва тухмиҳои зироатӣ пешкаши харидорон гардонида шуданд.
Сокинон ва меҳмонон ва мухлисони табиати зинда тавонистанд, ниҳолҳои мевадор, ҳамешасабзу сояафкан ва гулу гулбуттаҳоро бо нархи арзон дастрас намуданд. Инчунин аз фурсати муносиби қулай, тариқи ройгон аз ҷониби мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ барои хуб нашъунамо ва мутобиқ ба иқлим, тарзи истифодабарии ниҳолҳо ба харидорон маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд зикр намуд, ки барои роҳандозӣ ва муташаккилона кабудизоркуни аз ҷониби боғдорони Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, якчанд намуди ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ харидорӣ карда шуданд.
Воқеан, шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф аз суннатҳои миллии қадимаи ниёгон буда, пеш аз ҳама ободу зебо ва беҳтар гардидани вазъи муҳити зист мусоидат мекунад.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”