Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сада - ҷашни миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми саазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти  созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”

(Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.)

Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои эронтаборон ва мардуми форсизабонон ба шумор рафта, оғозаш шомгоҳи 30- январи тақвими мелодӣ баргузор мегардад. Зикр намуд, ки Сада дар забонӣ авестоӣ ба маънои “ баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ ба ҳисоб меравад. Яъне , мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекунанд.

Бале, мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и безаволи Адулқосим Фирдавсӣ оид ба  бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо дарбориёнаш ба шикор меравад ва дар теппаи кӯҳсор  мори ғафси дарозро мебинад. Ҳушанг дар даст санги калонро ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор бо суръати баланд мегурезад, аммо санг ба санги дигар бархӯрда аз он шарора мебарояд ва хасу хошоки хушк оташ мегирад. Ҳушанг аз  ошкор гардидани рози оташафрӯзӣ хурсанд шуда онро неъмати Худовандӣ мехонад. Шоҳ Ҳушанг  ба Худованди меҳрубон сипосгузорӣ мекунад, ки ба мардумаш сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ба дарбораш  баргашта ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

 Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои  муғул маъмул буда, дар дарбор мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон  таҷлил мегирифтанд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Сада ба оини Зардуштӣ, ки зиёда аз 3000 то 5000 сол ба вуҷуд омадааст, ки дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта  шудааст. Ҷашни Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лек гулхан афрӯхтан, дар гирди оташи аланга базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик боқӣ мондааст. Метавон гуфт, ки ҷашни Сада пас аз 40- шабонарӯзи омадани шаби Ялдо, яъне дарозтарин шаби аввали моҳи Дай ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Ҷашни Сада чун гиромидошти оини Зардуштӣ, яъне оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.

Ҷашни Садаро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, яъне аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад, ки дар якҷоягӣ то расидани Наврӯзи оламгир 100 шабу рӯзро ташкил медиҳад. Ҷашни Сада мужда ба наздик шудани фасли баҳор дарак медиҳад. Мардум , бахусус кишоварзон  дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғӣ Меҳрро ёдоварӣ шуда ба поси хотири он гулханҳои калон меафрӯхтанд ва шодиву хурсандӣ барпо менамуданд.

Бояд зикр намуд, ки халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷики соҳибистиқлол, ки таъриху фарҳанг, тамаддуну расму оин, урфу одат, забону ҳунар ниёгони хешро то ба имрӯз ҳифз намуда ба насли фардо мерос гузошта истодааст. Аз ир рӯ, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Сада расман 30- юми январ таҷлил карда мешавад. Бо шарофати  фарорасии ҷашни Сада мардуми кишвар ҷӯйбору заҳкашҳоро аз ифлосиҳо тоза менамоянд, боғу токзороҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани иди Сада деҳқонон усули омодагии заминро барои кишт, бехҳои дарахтонро ба тартиб медароранд. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷашни Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи ҷашни Наврӯз мебошад.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун бузургдошти муждаи Наврӯз мебошад. Бале, агар Офтоб бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии мардум гармӣ диҳад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби инсон ва идомабахши зиндагӣ асос гузошта ба ҷавҳари нодир табдил меёбад. Дар баробари ин ниёгони гузаштагони мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Офтоб мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Офтоб мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуби киштукор ин ҷашну маросим пайванд менамояд. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дошт, ки он ба ҷашни Сада алоқамандӣ дошт. Инчунин ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва чаҳида паридан аз болои он то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои ниёгон арҷ мегузорад. Яъне,  ҷашни Сада бо оташи гулхани равшании худ сардиҳои фасли зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор пайваст мекунад ва мардум , ки фарорасии Наврӯзи оламгирро бесаброна интизор ва тайёрӣ мебинанд.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта аз замонҳои қадим ҷашни Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои ҳувияти миллати тоҷикон маҳсуб ёфта, гиромидошти он аз ҷумлаи тақвият бахшидан ва барои  густариш пайдо намудани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамоянд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСада - ҷашни миллӣ
Scroll to Top